Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"То кай мунтазири ёрии мардум бошем? Ҳукумат бояд таъмин кунад" ВИДЕО


Тоҳир бо модаркалонаш
Тоҳир бо модаркалонаш
Бародарон Тоҳиру Зоҳир, ки маъюби модарзоданд, баъд аз чаҳор моҳ 18-сола мешаванд. Зоҳир ҳарчанд бо душворӣ ҳаракат мекунад, дучарха меронад, ба мактаб меравад ва барои оянда нақшаҳо дорад, Тоҳир аз ҳамаи инҳо маҳрум аст. Ӯ рӯйи нармкурсӣ нишаставу аз мактаб баргаштани Зоҳир ё аз дар даромадани хайрхоҳеро мепояд. Ин ду бародар айни замон табобат намегиранд, дар хонаи иҷора истиқомат мекунанд.

“Дар 9-моҳагиашон фаҳмидем ки маъюбанд”

Либосҳои Зоҳир озода, мӯйи сараш шона ва пушти лабаш теғ зада шудааст. Мисли ҳамаи наврасони дар остонаи балоғат. Аммо ҳамоно шарми айёми наврасӣ ӯро тарк накарда, ки ҳангоми ҳарф задан ё нигоҳашро аз мусоҳиб мегурезонад ё сарашро пойин меафканад.

Зоҳир ба мактаб меравад
Зоҳир ба мактаб меравад

Вақте дар бораи таҳсил, ҳаракатҳо ва ояндааш суҳбат мекунад, садояш оҳанги қатъият ва эътимод дорад: “дар мактаб аъло мехонам”, “дучархаро хуб меронам”, “мошинрониро меомӯзам”.

Аммо Тоҳир, баръакси Зоҳир, бо душворӣ ҳарф мезанад, комилан роҳ рафта наметавонад, дасту пояш камҳаракат аст, либосҳояш фарсудаанд ва аз мактабу китобу дарсу дафтар бехабар аст ва ҳам орзуҳои ояндааш, дар назари наздикон, мураккабанд.

Орзуҳои Тоҳир зуд-зуд иваз мешаванд. Дар ҳафтаҳои охир Тоҳир бештар такрор мекунад: “ба масҷид рафтан мехоҳам, ба хидмати ҳарбӣ рафтан мехоҳам”. Вай аксари рӯзҳо дар кунҷи хона танҳост ва гоҳ-гоҳе ӯро бо ароба ба берун мебаранд.

Ин ду бародар маъюби модарзоданд. Модаркалони онҳо, Басбӣ Иборатоваи 80-сола, таваллуди набераҳояшро ин гуна нақл кард: “Баҳори соли 2005, модарашон ҳомила буд. Он замон дар ноҳияи Восеъ мезистем. Ба хонаи духтарам, ноҳияи Колхозобод (Ҷалолиддини Балхии ҳозира) ба меҳмонӣ рафтем. Модарашон дар моҳи 7-уми ҳомилагӣ буд. Ҳамонҷо дардаш гирифт ва рӯзи 19-уми марти соли 2005 Тоҳиру Зоҳирро таваллуд кард. Норасид ба дунё омаданд. Дар 9-моҳагиашон фаҳмидем, ки маъюбанд”.

Басбӣ Иборатова
Басбӣ Иборатова

Ба нақли Басбӣ Иборатова, баъд аз онки маъюбии Тоҳиру Зоҳир ошкор ва тасдиқ шуд, хонавода дари беморхонаву дармонгоҳҳоро - аз ноҳияи Восеъ то шаҳри Душанбе - яке пайи дигар кӯфтанд. Дар соли 2008 аз ноҳия ба шаҳри Душанбе кӯчиданд. Дар маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби “Чорбоғ” дар ноҳияи Варзоб, дар беморхонаи маъруф ба “Мачитон”-и шаҳри Ваҳдат, дар беморхонаҳои дигари шаҳри Душанбе табобат ва аз даҳҳо пизишк машварат гирифтаанд. Ба нақли модаркалони Тоҳиру Зоҳир, «баъзе аз ин табобатҳо фоидаовар, бархеи дигар бе фоида буданд».

“Ҳаракатҳои Тоҳир бештар буд, ҳоло камтар шудааст. Зоҳир мустақилона рост меистод, ҳоло наметавонад”, - гуфт Басбӣ Иборатова.

Аз як хонаи иҷора ба хонаи дигари иҷора

Ин хонаводаи иборат аз 5 нафар - Тоҳиру Зоҳир, хоҳари онҳо Сумайяи 10-сола (солим аст) ва падару модаркалонашон - айни ҳол дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар як манзили иҷора зиндагӣ доранд. Модари Тоҳиру Зоҳир дар соли 2020 бар асари бемории саратон фавтидааст. Падари Зоҳиру Тоҳир ба сабаби бемории фарзандон дар ҷое кор намекунад. Ӯ ягона парастори Зоҳир аст.

Якеаш пойафзол меорад, дигараш сару либосу китобу дафтар. Хайрхоҳони дигар ҳам ҳастанд, аммо то кай мунтазири кумаки мардум бошем? Давлат бояд моро таъмин кунад.
Басбӣ Иборатова

Ин хонавода аз соли 2008 то кунун панҷумин манзили иҷораро дар шаҳри Душанбе иваз мекунанд. Аз хонаҳои пешин онҳоро ба далели пардохта натавонистани ҳаққи иҷора рондаанд. Ба гуфтаи Басбӣ Иборатова, соҳиби манзили ҳозира низ аз хонаводаи Тоҳиру Зоҳир талаб кардааст, ки онро холӣ кунанд. Пешомаде, ки онҳоро бештар аз ҳар мушкили дигар нигарон кардааст.

Қонун “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” ба Зоҳиру Тоҳир ва афроди амсоли онҳо кафолатҳои зиёде додааст. Аз ҷумла:

  • - барқарорсозӣ бо ҷарроҳӣ, таъминоти воситаҳои техникӣ, протезию ортопедӣ ва табобати санаторию курортӣ;
  • - роҳнамоии касбӣ, таълим ва таҳсил;
  • - варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва солимгардонӣ;
  • - таълиму тарбияи бепули таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ;
  • - дар сурати мавҷуд набудани имконияти тарбия ва таълим дар муассисаҳои таълимӣ, тарбия ва таълими онҳо дар хона;
  • - расонидани ёрӣ ба волидон дар таълиму тарбия;
  • - ҳуқуқ ба гирифтани нафақа, кумакпулӣ ва хидматрасонии иҷтимоӣ;
  • - ёрии иловагии иҷтимоӣ ба оилаҳое, ки ду ва зиёда маъюб доранд ва ғайра.

Аммо Тоҳиру Зоҳир мегӯянд, айни замон ҳар кадоме 285,5 сомонӣ, дар умум, 571 сомонӣ, аз давлат дарёфт мекунанду бас. Ба илова, Басбӣ Иборатова 300 сомонӣ нафақаи пирӣ мегирад, ки даромади расмии хонаводаро ба 871 сомонӣ мерасонад. Ин маблағ дахлу харҷии расмии оилаи панҷнафарӣ аст.

“Дар солҳои пештар кумакҳои дигар аз ҷониби мақомоти давлатӣ мешуд. Намедонам, кадом идора буд, ки ҳар моҳ орду равған, биринҷу макарон меовард. Якбора ёриҳо бас шуд. Ҳамин қадар, ки ҷустуҷӯ кардам, наёфтам кадом идора буд”, - гуфт Басбӣ Иборатова.

Намояндагони мақомот ҳамеша гуфтаанд, ки ба хонаводаҳои маъюбу дармонда мадад мекунанд. Чизе, ки дар масъулияти онҳост.

Наворро дар инҷо бинед:

Тоҳиру Зоҳир 18-сола мешаванд, вале...
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:13 0:00

Тоҳиру Зоҳир ҳар лаҳза аз Хуршед ва Раҳмиддин ёд мекунанд. Бибияшон гуфт, ки онҳо тоҷирони бозори «Корвон» ҳастанд ва ҳар чанд вақт ба Тоҳиру Зоҳир мадад мерасонанд.

“Якеаш пойафзол меорад, дигараш сару либосу китобу дафтар. Хайрхоҳони дигар ҳам ҳастанд, ки нону об меоранд. Аммо то кай мунтазири кумаки мардум бошем? Ин ёриҳо имрӯз ҳаст, фардо нест. Бо ин кӯдакҳои маъюб ба куҷо равем? Давлат бояд моро таъмин кунад," - гуфт Басбӣ Иборатова.

Баъд аз тақрибан чаҳор моҳи дигар бародарон 18-сола мешаванд, аммо ба гуфтаи худашон, «бесарпаноҳ, бе ояндаи рӯшан ва бо умеду ормонҳои муаллақ».

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG