Исломуддин Маҳмудов, падари се кӯдаки маълул дар шаҳри Турсунзода, мехоҳад, онҳоро табобат кунад, аммо ба гуфтаи худаш, ба танҳоӣ зӯраш намерасад. Эмомуддини 14-сола, Бибиоишаи 9-сола ва Бибисорои 4-сола аз фалаҷи модарзодии майнаи сар ранҷ мекашанд. Онҳо дуруст роҳ рафта ва гап зада наметавонанд. Мақомот мегӯянд, ба кӯдакон нафақаи маъюбӣ медиҳанд. Волидон иддао доранд, ки кофӣ нест.
Пизишкон ба падару модари кӯдакони маълул гуфтаанд, агар онҳоро сари вақт муолиҷа накунанд, вазъи саломатияшон бадтар шуда, имкони хеле барвақт аз даст додани онҳо вуҷуд дорад.
Ин хонавода дар 70-километрии пойтахт, дар шаҳри Турсунзода, зиндагӣ дорад. Падар ва модари маълулон дар ҷое кор намекунанд ва барои табобатҳои саривақтӣ ва нигоҳубини беҳтари фарзандон шароит надоранд.
"Як дору доранд, ки агар ҳар шаб надиҳем, вазъашон хеле бад мешавад. Ба хона-интернати Ҳисор бурданӣ шудем, дар он ҷо гуфтанд, агар беморӣ доранд, наоред," – нақл кард Исломуддин Маҳмудов охири моҳи январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Волидон мегӯянд, фарзандонашон пас аз таваллуд солим буданд, вале баъди як-якуним сол дар пайи таби баланд бемор шуда, дигар ба худ наомаданд. Падари кӯдакон ба беҳтар шудани вазъ сиҳатии онҳо умедвор аст, аммо мегӯяд, бештар аз дасткӯтаҳии худ ранҷ мекашад.
Наворро дар инҷо бинед:
Намояндагони мақомот мегӯянд, ба кӯдакон нафақаи маъюбӣ медиҳанд. Исломуддин Маҳмудов гуфтаҳои мақомотро рад намекунад, аммо иддао дорад, ки кофӣ нест. "Ба ҳар кӯдак 300 сомонӣ, дар ҷамъ 900 сомонӣ, нафақаи маъюбӣ медиҳанд. Намерасад. Дигар аз ягон имтиёз бархурдор нестем. Чанд бор кӯшиш кардем, ки ба қатори камбизоатҳо дохил кунанд ва ёрӣ диҳанд, нашуд. Даводави зиёд дорад," – мегӯяд ӯ.
Пизишкон мегӯянд, бемороне ба мисли ин кӯдакон бояд ҳамеша зери назорат бошанд ва саривақт муолиҷа бигиранд. Падари кӯдакон барои табобати фарзандон ният дорад, ба муҳоҷирати корӣ ба Русия биравад, аммо аз он метарсад, ки ҳамсараш ба танҳоӣ аз уҳдаи нигоҳубини онҳо намебарояд.
Ин хонавода ба ҷуз аз Эмомуддин, Бибиоиша ва Бибисоро як духтари дигар ҳам доранд, ки вазъи саломатияш хуб буда, дар мактаб мехонад.
Дар Тоҷикистон беш аз 150 ҳазор нафар ҳамчун маъюб ва ё шахсони дорои имконияташон маҳдуд сабт шудаанд. Баъзе аз маъюбон мегӯянд, бо шароиту нафақапулие, ки доранд, зиндагӣ кардан душвор шудааст, ҳарчанд мақомот ҳангоми суҳбату нишстҳои расмӣ дар бораи имтиёзҳое чун ҳаракати ройгон дар нақлиёти иҷтимоӣ, раҳоӣ аз пардохти андози замин ва пардохти нисфи пули телефони хонагӣ суҳбат мекунанд.