Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҳиру Зоҳир, ду бародари маълул, муҳтоҷи кумак шудаанд. ВИДЕО


Тоҳиру Зоҳир, бародарони маълул
Тоҳиру Зоҳир, бародарони маълул

Дар шаҳри Душанбе ду бародари маълуле зиндагӣ мекунанд, ки бо модаркалони худ танҳо мондаанд ва намедонанд, пас аз марги бибии кӯҳансолашон онҳоро кӣ нигоҳубин хоҳад кард. Модарашон якуним сол пеш аз бемории саратон даргузашт. Падарашон қаблан таксиронӣ мекарду ҳоло бекор мондааст.

"Ба куҷо мераванд?"

Тоҳиру Зоҳир Мирзоевҳо аз замони таваллуд мустақилона роҳ рафта наметавонанд ва вақти худро асосан дар хона ва дар канори якдигар мегузаронанд. Хонавода барои муолиҷаи онҳо манзилашонро дар Кӯлоб фурӯхта, ҳоло дар хонаи кироя дар Душанбе зиндагӣ доранд.

Баъд аз гузориши Радиои Озодӣ дар панҷ соли пеш баъзе аз хайрхоҳон ба суроғашон рафтанд. Зоҳир каме роҳрав шуд, вале вазъи Тоҳир беҳбуд наёфт. Басбӣ Иборатова, бибии Тоҳир ва Зоҳир, мегӯяд, ба сабаби набудани шароит натавонистанд, ба табобати онҳо идома бидиҳанд. "Метарсам, ки пагоҳ ман бимирам, инҳо чӣ кор мекунанд? Ба куҷо мераванд?" – мепурсад ӯ.

Бародарон Зоҳиру Тоҳир Мирзоевҳо ҳамроҳ бо падару бибӣ ва хоҳари худ барои кирояи манзил ҳар моҳ ҳазор сомонӣ медиҳанд. Пуле, ки барои ёфтанаш рӯ ба раҳми Худоянд. Мақомот мегӯянд, ба бародарони маълул нафақа медиҳанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Тоҳиру Зоҳири маълул ятим мондаанд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:22 0:00

"Шояд хатое шудааст"

Басбӣ Иборатова, бибии Тоҳир ва Зоҳир, тасдиқ кард, ки "аввал 100 сомонӣ мегирифтанд, ҳозир ҳардуяшон 570 сомонӣ нафақа мегиранд."

Дар Вазорати тандурустӣ мегӯянд, бар илова, барои шахсони камбизоат дар Тоҷикистон 500 сомонӣ медиҳанд, аммо ин хонавода баҳравар нест. Ба қавли Қудратулло Қурбонзода, роҳбари Раёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ, "фикр мекунам, падари онҳо ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳо шояд ба хатое роҳ додааст."

Басбӣ Иборатова мегӯяд, ду соли охир барои гирифтани кумак ба ниҳодҳои давлатӣ муроҷиат кард, вале фоидае нест. Ин дар ҳолест, ки мақомот маблағи сабади истеъмолиро барои зиндагии як нафар дар Тоҷикистон дар соли гузашта 140 евро ё 1900 сомонӣ муайян кардаанд. Ин хонаводаи иборат аз панҷ нафар, бо шумули нафақаи бибӣ ва бародарони маъюб, каме беш аз ҳазор сомонӣ мегиранд. Бештаре аз харҷи оила аз ҳисоби хайрхоҳон ҷуброн мешавад.

Басбӣ Иборатова, модаркалони Тоҳиру Зоҳир
Басбӣ Иборатова, модаркалони Тоҳиру Зоҳир

Зоҳир дар синфи нӯҳум мехонад ва бо душворӣ ҳам бошад ҳаракат мекунад, аммо барои ҳаракати вай ҳар моҳ як ҷуфт пойафзор лозим аст. Тоҳир ба мактаб нарафтааст. Ягона хоҳари онҳо солим аст ва дар синфи сеюм таҳсил мекунад.

Бо ин ҳама сахтиҳо, ду бародари маълул аз зиндагӣ умеди калон доранд. Онҳо таҳсил кардан мехоҳанд ва орзу доранд, ки рӯзе дар хонаи худ зиндагии осуда дошта бошанд.

Дар Тоҷикистон ҳудуди 150 ҳазор маъюб зиндагӣ мекунанд, ки тақрибан 25 ҳазор нафари онҳо кӯдаканд. Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон худро давлати иҷтимоӣ муаррифӣ мекунад, шикоятҳои пайвастаи маъюбон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар зиндагии чунин афрод мушкилоти ҳалношуда хеле зиёд мондааст.

XS
SM
MD
LG