Наздикони Зайд Саидов, соҳибкори зиндонии тоҷик, гуфтанд, ӯ дархости мақомотро барои "эътирофи гуноҳ" ва "дархости бахшиш" рад кардааст. Мақомот ин иддаоро тасдиқ ё рад намекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон 30-юми октябри имсол, пас аз оғози давраи панҷуми раёсаташ, гуноҳи 378 нафарро бахшид. Намояндагони ҳукумат гуфтанд, ин афрод аз кардаи худ пушаймон шуда, аз раиси ҷумҳур афв хоста буданд.
Зайд Саидови 62-сола моҳи майи соли 2013, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” боздошт ва дар моҳи декабри ҳамон сол ба 29 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯ ва ҷонибдоронаш ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ донистаанд.
“Ба назди он кас (манзур Зайд Саидов) омада, гуфтаанд, ки ба президент мактуб навишта ва аз гуноҳҳои кардааш пушаймонӣ ва бахшиш талаб кунад. Вале он кас гуфтаанд, бегуноҳанд ва ин туҳматҳои дар ҳаққашон гуфтаро қабул намекунанд”, -- гуфт яке аз пайвандони Зайд Саидов рӯзи 19-уми ноябр ба Радиои Озодӣ.
Тасдиқи дурустии ин иттилоъ аз манобеи дигар ғайриимкон аст. Дар Тоҷикистон хабарнигорон ба дохили зиндонҳо дастрасӣ надоранд ва мақомот то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд.
Талошҳои хабарнигорони Радиои Озодӣ барои гирифтани назари мақомот то ин дам бенатиҷа буд. Дар идораи зиндонҳо ба зангҳои мо зиёди мо посух надоданд.
Вале наздикони Зайд Саидов гуфтанд, навиштани дархости бахшиш аз президент баъд аз интихоботи рӯзи 11-уми октябр сурат гирифтааст. Ба гуфтаи пайвандон, ба Саидов ваъда додаанд, дар сурати навиштани талаби бахшиш ба президент дар қатори чанд зиндонӣ ӯ низ озод мешавад.
Мақомот аз шарҳи ҷузъиёти зиндониёни озодшуда худдорӣ мекунанд. Пештар дар идораи зиндонҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, шарҳи масъала дар ихтиёри Додситонии кулли Тоҷикистон аст. Вале Додситонии кул ба дархости расмии Радиои Озодӣ аз шарҳи масъала худдорӣ кард ва гуфт, бояд инро аз идораи зиндонҳо пурсем.
Зайд Саидов ягона нафаре нест, ки ба гуфтаи пайвандон дар ивази навиштани бахшиш барояш озодӣ ваъда карданд. Соли гузашта Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров ҳам гуфта буд аз вакили дифои шинохта хостаанд ба президент мактуб навишта талаби бахшиш кунад. Вале ба гуфтаи Ҷамшед Ёров, бародараш ин талабро рад карда, ба бегуноҳиаш таъкид кардааст.
Панҷ сол пас аз ҳукми дуюми Зайд Саидов
Дархости навиштани бахшиш аз Зайд Саидов дар рӯзҳое садо медиҳад, ки аз ҳукми дувуми ӯ дақиқан панҷ сол мегузарад. 20-уми ноябри соли 2015 Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти Зайд Саидовро дар бораи бекор кардани ҳукми дувумаш рад карда буд.
Бо содир шудани ҳукми дувум муҳлати ҳабси Зайд Саидов ба 29 сол расид ва инчунин соҳибкорро ба пардохти 34 миллион сомонӣ муваззаф карданд.
Наздикони Зайд Саидов мегӯянд, пас аз ҳукми дувум ба мусодираи амволи онҳо шуруъ карданд ва то ин дам бештари моликияти хонавода мусодира шудааст.
Аз ҷумла, маркази тиҷоратии “Пойтахт-90”, бинои “Соҳибкорон”, фабрикаи дӯзандагии "Гулистон" ва чанд иншооти дигар. Ҳарчанд наздикони Зайд Саидов гуфтанд, баъзе аз амвол ба писарони Зайд Саидов тааллуқ доштанд, на ба худи ӯ.
Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов, чанд моҳ қабл дар матлабе ба муносибати солгарди боздошти падараш навишт, ҳанӯз ҳам моликияти хонаводаи онҳо мусодира мешавад.
Дар чунин вазъ пайвандони Зайд Саидов гуфтанд, рӯзгори сахтеро паси сар доранд ва дар “ҳолати муаллақ” зиндагӣ мекунанд. “Баъд аз боздошти сардори хонавода рафтор ба мо мисли “як хонаводаи сиёсӣ” аст. Мардум аз тарсу ваҳм то ҳозир метарсанд бо мо рафтуомад кунанд. Вале умедамонро аз даст надодем ва бовар дорем, рӯзе мерасад, ки Худо ин мушкилиҳоро аз сари мо мегирад,” -- мегӯянд пайвандони Саидов.
Худи Зайд Саидов дар зиндони шаҳри Ваҳдат маъруф ба "Кирпичний" адои ҷазо мекунад. Дар пайи паҳншавии бемории ҳамагир наздикони Зайд Саидов гуфтанд, ӯ ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор шудааст. Хайрулло Саидов, писари соҳибкори зиндонӣ аз мақомот хоста буд, падарашро дар давраи пандемия озод кунанд, вале мақомот ин даъватро напазируфтанд.
Зайд Саидов соли 2013 баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсие бо номи “Тоҷикистони нав” боздошт ва бо иттиҳомоте, чун суистифода аз мақом, бисёрзанӣ ва ришвагирӣ ба зиндон маҳкум шуд.
Зайд Саидов ва тарафдоронаш ҳукми ӯро сиёсӣ меноманд, вале мақомот ҳосили, ба гуфтаи онҳо, ҷиноятҳое медонанд, ки бояд посухашро бидиҳад.