Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барои пардохти қарз рафта буд." Марги шубҳабарангези як муҳоҷири тоҷик дар Русия. ВИДЕО


Сайфиддин Махдумови 36-сола дар шароити мармуз дар Русия ҷон бохт
Сайфиддин Махдумови 36-сола дар шароити мармуз дар Русия ҷон бохт
Хонаводаи як муҳоҷири тоҷик, ки дар Русия ва дар шароити баҳсбарангезе ба ҳалокат расидааст, як ҳафта боз тобути ӯро интизоранд. Сайфиддин Махдумови 36-сола, ки дар гузашта дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин таксӣ меронду дар мактаб дарс медод, ҳафт моҳ пеш дар ҷустуҷӯи кору маоши муносиб ба Русия рафт. Мақомоти Русия ҳодисаро шарҳ надодаанд. Дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфтанд, ки қазияро пайгирӣ доранд.

"Хостааст, аз ҷанҷол пешгирӣ кунад"

Пайвандонаш мегӯянд, рӯзи 25-уми октябр хабардор шуданд, ки Сайфиддин Махдумов дар бемористон аст ва дар ҳолати вазнин. Баъди ду рӯз хабари маргаш расидааст. Онҳо мегӯянд, ҳамин қадар иттилоъ гирифтанд, ки ӯ барои “ҳалли” муноқишае рафта, худ қурбонӣ шуда.

Баҳодур Машрабов, яке аз хешовандони Сайфиддин Махдумов, рӯзи 31-уми октябр гуфт, “ҷанг шудааст. Ҳангоми аз роҳ гузаштан халос кардааст. Афтода, сараш ба бетон мезанад.”

Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтанд, аз қазия огоҳанд, вале то кунун маълум нест, ки сабаби воқеии марги ҷавони тоҷик чӣ будааст. Тафтиши ҳодиса идома дорад.

Ҷасади Сайфиддин Махдумов ҳанӯз ба Тоҷикистон нарасидааст. Аз 27-уми октябр дар хонаашон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин одамон ҷамъ меоянду мегирянд, вале ҳамзамон мехоҳанд, сабабгорони маргаш дар Русия ҷазо гиранд.

Наворро дар инҷо бинед:

Сайфиддин барои пардохти қарз ба Русия рафт, вале..
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00

"Қарздор буд"

Ҷавҳарбӣ Исмоилова, модари Сайфиддин Махдумов, мегӯяд, писараш ба умеде ба Русия рафта буд, ки қарзҳояшро бипардозад. “Бисёр қарздор буд, аз замони рафтанаш қисме аз онҳоро фиристод. Ба худамон пули кофӣ нафиристод. Як ҳазор фиристода буд, ба кӯдаконаш чиз харидем.”

Ба қавли наздикон, Сайфиддин Махдумов то рафтан ба Русия таксӣ меронду дар мактаб дарс медод. Дар хурдӣ аз падар маҳрум шуда, баъди ба як шаҳрванди Афғонистон оиладор шудани модараш дар зери тарбияи бибиву бобо мондааст.

Аз Сайфиддин Махдумов чаҳор фарзанд мондааст. Калонияш 16 ва хурдияш 10-сола аст. Модараш шаҳрванди Афғонистон аст, ҳоло ба Тоҷикистон омада, мақоми паноҳандагӣ дорад. Ӯ мегӯяд, Сайфиддин барои бозгашташ кӯшиши зиёд кард, аммо аз дидору суҳбатҳои якдигар сер нашуданд.

Мақомоти Русия мегӯянд, ду миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар он кишвар кору иқомат доранд. Ҷониби Тоҷикистон ин рақамро 600 ҳазор ҳисоб кардааст.

Солона садҳо нафари онҳо дар пайи беморӣ, садама ва ҳодисаҳои дигари нохуш ҷони худро аз даcт медиҳанд. Ба ҳисоби миёна соле то ҳазор тобути муҳоҷиронро аз Русия ба Тоҷикистон меоранд. Ба иттилои расмӣ, дар шаш моҳи аввали имсол беш аз 480 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа ва бахусус Русия ҷон додаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG