Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фавти 950 муҳоҷири тоҷик дар як сол


Соли гузашта 950 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар вафот кардаанд. Масъулони Хадамоти муҳоҷират бо зикри ин омор гуфтанд, аксари ин афрод дар Русия даргузаштанд.

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рӯзи 9-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, сабабҳои марги шаҳрвандони кишвар бахусус муҳоҷирон гуногун аст. Аз ҷумла беморӣ, риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва ғайра.

Амонзода дар ҳузури хабарнигорон аз ҳалокати муҳоҷирон дар Иркутск ва Волгоград ёд кард. Дар ҳодисаи аввал, ки моҳи ноябри соли гузашта рух дод, сокинони маҳаллӣ вагони муҳоҷиронро оташ заданд ва ду шаҳрванди Тоҷикистон ҷон доданд. Аммо мақомоти Русия баръакс худи муҳоҷиронро дар ин кор айбдор карда, се нафари онҳоро дастгир карданд.

Дар ҳодисаи дуввум, ки вазири меҳнат ва муҳоҷират рӯзи 9-уми феврал аз он ёд кард, 6 муҳоҷири тоҷик дар як гармхона заҳролуд шуда, ба ҳалокат расиданд.

Ба гуфтаи Ширин Амонзода, мақомот талош мекунанд, барои овардани ҷасади муҳоҷирони фавтида ба ватан мадад кунанд. Аммо баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, худи онҳо маблағ ҷамъ карда, ҷасадҳоро ба Тоҷикистон мефиристанд.

XS
SM
MD
LG