Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз хайри муҳоҷирон дар ватан то марги онҳо дар ғарибӣ. ВИДЕО


Хайри муҳоҷирон. Loop

Кӯмаки муҳоҷирон ба як зани бесарпаноҳ дар Душанбе ва марги шаш муҳоҷир дар гармхонае дар Русия аз мавзуҳои пурбаҳси ҳафтаи гузашта дар Радиои Озодӣ буд.

Шояд занеро, ки бо се кӯдакаш дар хиёбонҳои Душанбе аробакашӣ мекард, ёд доред. Пас аз гузориши Радиои Озодӣ ӯ соҳиби хона шуд ва ба муҳоҷирон ташаккур кард, ки ӯро кӯмак карданд.

Раҷик, корбари Радиои Озодӣ дар Фейсбук навиштааст, ки “хайрият ҳамин муҳоҷирон ҳастанд, вагарна касе ба доди ин зан намерасид”.

Азиза дар Инстагарми Озодӣ навиштааст, ки “хурсандии ин зан тасаввурнопазир аст”.

Аксаран барои кори хайр ба муҳоҷирон дуо додаанд, вале бархе тамоюли ба корҳои мардона даст задани занҳоро танқид кардаанд. Офарин, корбаре дар сомонаи мо навиштааст, муҳоҷирони тоҷик барои мардуми камбизоат ба қаҳрамони наҷотдиҳанда табдил ёфтаанд, аммо ӯро чизи дигаре нигарон кардааст. “Боз аробакашӣ миёни занҳо муд нашавад. Як камтар мушкилии оилавӣ шавад, кӯдаконро гирифта, рафта аробакашӣ кунанд. Ба умеде, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ба онҳо ҳам ёрӣ медиҳанд”,--навиштааст ӯ.

Зоҳиран кӯмак ба дармондагон ба як одат дар миёни муҳоҷирон табдил ёфтааст. Ба қавли Тутинисо, корбари Озодӣ дар Фейсбук, “онҳо бо қимати ҷон нони худро пайдо мекунанд, вале ба мушкили дигарон бетараф нестанд”.

Ӯ ба марги шаш муҳоҷир ишора кардааст, ки ҷасадҳояшонро рӯзи 30-уми январ ба ватан оварданд. Онҳо шаби 25 ба 26-уми январ дар гармхонае дар вилояти Волгоград аз ҳавои заҳролуд ҳалок шуданд.

Дилшод корбаре дар сомонаи Радиои Озодӣ навиштааст, ки муҳоҷирон ба кумаки ҳама мерасанд, вале ба ҷуз худу Худо, касе дар ғами онҳо нест. Назари ӯ чунин аст: “Агар дар Кореяи Ҷанубӣ ҳамин фалокат мешуд, сари хар як майит 7 миллионӣ медоданд. Афсус, дар Русия мекушанд, вале муҳоҷирон худашон барои тобут маблағ ҷамъ мекунанд”.

Марги муҳоҷирон баҳси бархе корбарон дар масъалаи ҳимоя аз ҳуқуқи онҳоро ба бор овардааст. Муҳоҷирбача, корбари Инстаграми Озодӣ навиштааст, ки 20 сол гузаштааст, вале Тоҷикистон ҳанӯз раванди муҳоҷиратро танзим накардааст. Ӯ гуфтааст, ҳукумат ба қадри кофӣ аз ҳаққи муҳоҷирон ҳимоят намекунад ва бо мақомоти Русия шароити қонунии кор барояшонро фароҳам намесозад. Ӯ дар идома чунин гуфтааст: “Дар ватан кор нест, мефаҳмем. Ақаллан, ҳукумат коре кунад, ки муҳоҷирон дар Русия мисли одам кор кунанд. Марги ин муҳоҷирон бо айби корфармо шуд, ки шароити бехатариашонро таъмин накард. Бинед, ки касе ӯро ҷавобгар намекунад.”

Муҳаммадҷон Собиров, як тан аз ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар аксар ҳолат, дар чунин мусибат, муҳоҷирон талоши талаби ҷуброн аз корфарморо намекунанд. Ӯ гуфт, корфармоён бо пардохти маблағи андаке бори масъулиятро аз души худ дур мекунанд.

“Ба ин шаш муҳоҷир ҳам, то ҷое медонам, корфармо як миқдор пул додааст. Лекин дар бисёр чунин ҳолатҳо худи муҳоҷирон ё пайвандони муҳоҷирон барои ҳаққашон даъво намекунанд”,--гуфт ӯ.

Шумо чӣ мегӯед, назаратон дар бораи хайрхоҳии муҳоҷирон чӣ ҳаст, дар вебсайти мо нависед.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Аз хайри муҳоҷирон дар ватан то марги онҳо дар ғарибӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:50 0:00
XS
SM
MD
LG