Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ин кор боиси муноқишаи нав ва хунрезии бештар хоҳад шуд"


Дар муноқишаи 14-17-уми сентябри имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз ду ҷониб даҳҳо кас кушта ва садҳо нафар захмӣ шуданд
Дар муноқишаи 14-17-уми сентябри имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз ду ҷониб даҳҳо кас кушта ва садҳо нафар захмӣ шуданд
Ташвишҳо аз додани силоҳ ба сокинони наздимарзии Қирғизистон, умеду ноумедӣ аз миёнравии Русия дар ҳалли муноқишаи сарҳадӣ ва аз таҳсил дур мондани кӯдакони имконияташон маҳдуд аз мавзуъҳои муҳими нашрияҳои Тоҷикистон ҳастанд.

“Ҷумҳурият”, нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон, аз тарҳи қонун дар бораи додани силоҳ ба сокинони наздимарзии Қирғизистон “дар ҳолати махсус” изҳори нигаронӣ кардааст. Нашрия навишта, ки “ин амал метавонад, боиси муноқишаҳои нав ва хунрезии бештар шавад”.

“Дар давоми бештар аз як моҳи охир дар расонаҳои Қирғизистон маълумоти зиёд дар бораи хариди яроқу аслиҳаи навтарин нашр гардида, фазои сунъии тоҷикбадбинӣ сохта мешавад, ки ташвишовар аст,” – гуфтааст муаллиф.

Вакилони порлумони Қирғизистон рӯзи 20-уми октябри имсол тарҳи қонунеро қабул карданд, ки “дар ҳолатҳои махсус” додани аслиҳаро ба сокинони ноҳияҳои наздимарзии вилоятҳои Бодканду Уш қонунӣ мегардонад. Ба ҷонибдорӣ аз он 63 вакил рой додаанд. 3 нафар зид баромаданд.

“Азия-Плюс” эҳтимоли “миёнаравии” Маскавро дар баҳси марзии Душанбеву Бишкек баррасӣ карда, гуфтааст, Тоҷикистону Қирғизистон санадҳои зарурӣ ва мавқеъҳои худро барои ҳалли мушкил ба Кремл пешниҳод хоҳанд кард. Муаллиф бовар дорад, “Русия, ҳарчанд нақши доварро иҷро карданӣ нест, метавонад, ин ҳуҷҷатҳоро омӯзад, бо харитаҳои худ муқоиса кунад ва хулосаҳояшро пешниҳод кунад.”

Нашрия навиштааст, баҳси асосӣ сари харитаҳоест, ки ҷонибҳо ба онҳо такя мекунанд. Ба гуфтаи президенти Русия Владимир Путин, Маскав харитаҳоеро дорад, ки шояд Тоҷикистону Қирғизистон надошта бошанд. Коршиносон мегӯянд, шояд гап сари харитаҳои Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ биравад, ки умдатан махфӣ буданд. “Бе гузашти ҷонибҳо ҳалли мушкили марз номумкин аст,” – хулоса кардааст муаллиф.

“Пайк” дар маводе гуфтааст, ҷанги Украина тартиби ҷаҳонро барҳам зад ва дигар ҳеч кадом аз абарқудратон на парвои нақзи ҳуқуқи инсон доранд ва на бетартибиҳо.

Нашрия менигорад, Русия, ки барои Тоҷикистон шарики стратегӣ буд, пас аз оғози ҷанг дигар ба таҳдидҳои Толибон аҳамияте намедиҳад ва моро ба ҳоли худамон гузоштааст. “Аз ин рӯ, тоҷиконро зарур аст, ки барои ҳифзи марзҳо танҳо ба худ такя кунанду омодабошии аскарони худро тақвият диҳанд,” – навиштааст муаллиф.

“Фараж” аз таҳсил дур мондани кӯдакону наврасони имконияташон маҳдудро дар вилояти Хатлон ба баҳс гирифтааст. Ба қавли масъулон, дар вилоят танҳо як мактабе ҳаст, ки барои ин гуна кӯдакону наврасон имкони таҳсил фароҳам меоварад ва он ҳам на ҳамеша бо таҷҳизоту воситаҳои хониши махсус таъмин аст.

Дар ҳамин ҳол, волидон, ки ҳамарӯза кӯдаконашонро аз ноҳияҳои гирду атроф ба инҷо меоранд, аз дурии роҳ ва гаронии роҳкиро шикоят мекунанд.

“СССР” мавзӯи саховатмандии тоҷикон ва суистифодаи як идда мардумро аз он ба баҳс кашида. Ба қавли муаллиф, “агар як муҳоҷири кории тоҷик, Худо накарда, ба ягон мушкилӣ дучор шавад, ҳаммаслаконаш дар як он маблағи заруриро ҷамъ мекунанд, то мушкилашро ҳал кунанд.”

Вале дар айни замон, мегӯяд муаллиф, як қишри “бечорагоне” дар Душанбе пайдо шудаанд, ки мехоҳанд, чунин саховатмандон барояшон хона харанду ҳазору як мушкили дигарашонро ҳал кунанд. “Оқибати чунин “бечорагиҳо” ҳамон мешавад, ки саховатмандон аз “ҳотамиашон” пушаймон шуда, ба халосгар зор мешаванд,” -- хулоса мекунанд нашрия.

“ИмрӯзNews” мушкили асосии мардум – маҳуддият ё лимити нерӯи барқро дар минтақаҳои Тоҷикистон баррасӣ кардааст. Муаллиф бо такя ба суханони раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолони шаҳри Норак гуфтааст, “маҳдудияти имрӯзаи интиқоли барқ дар баъзе минтақаҳои кишвар муваққатӣ аст”.

Ҳар сол дар айёми тирамоҳу зимистон масъалаи бебарқӣ дар Тоҷикистон доғ мешавад. Мақомот онро ба камии обу таъмири хат ва зеристгоҳҳои барқӣ пайванд медиҳанд, вале мухолифон онро натиҷаи нотавонии масъулон ва содироти барқи бештар ба хориҷа ва бахусус Афғонистон медонанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG