Баъди ду ҳафта нишасти пурсарусадои Владимир Путин бо раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, раиси Шӯрои Аврупо рӯзи 27-уми октябр онҳоро дубора дар Остона гирди ҳам овард. Аммо қабл аз нишасти якҷоя Шарл Мишел бо чанд раҳбар алоҳида вохӯрд. Аз ҷумла бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Рӯшан нест, ки дар суҳбати онҳо мавзӯи ҳуқуқи башар ва бавижа боздошту ҳабси хабарнигорон дар Тоҷикистон баҳс шудааст ё не. Дар остонаи сафараш, чанд созмони ҳомии ҳуқуқи башар аз Шарл Мишел хоста буданд, ки дар мулоқот бо раҳбарони минтақа нигарониҳоро дар заминаи бад шудани вазъи ҳуқуқи инсон дар миён гузорад.
Ба иттилои расмӣ, Эмомалӣ Раҳмон ва Шарл Мишел дар бораи сармоягузорӣ, таъсири буҳрони кишварҳои ҷангзада, амният, Афғонистон ва ҳифзи сарҳад гап задаанд. Шарл Мишел бо президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ислоҳоти демократӣ ва таъмини ҳуқуқи эътирозгарони моҳи январро дар он кишвар баҳс кардааст.
Мулоқоти раиси Шӯрои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар пасманзари таҳаввулоти байнулмилалӣ то куҷо муҳим аст? Ба ин ва суоли дигар Мерҳат Шарифҷон, шореҳи масоили Осиёи Марказӣ дар Радиои Озодӣ, посух дод.
Мерҳат Шарифҷон: "Омадани яке аз раҳбарони аврупоӣ, Шарл Мишел, ба Осиёи Марказӣ бисёр муҳим аст. Ин сафар ҳамагӣ пас аз чанд ҳафтаи мулоқоти муҳиме дар Остона сурат гирифт, ки дар он раҳбарони Чину Туркия ҳам иштирок карданд. Онҳое, ки даъвои пешвоӣ дар минтақаро доранд.
Мулоқот дар пасманзари то андозае мавқеи худро дар Осиёи Марказӣ аз даст додани Русия дар пайи ҷанги бедалелаш дар Украина сурат мегирад. Шарл Мишел аллакай гуфт, Иттиҳоди Аврупо ҷангро дар Украина маҳкум мекунад ва ин паём на инки ба Осиёи Марказӣ ё ба Қазоқистон аст, ин паём ба Русия аст, ки аз забони як раҳбари аврупоӣ ва аз хоки як кишвари Осиёи Марказӣ садо медиҳад. Иттиҳоди Аврупо хоҳони тақвияти мавқеаш дар минтақа аст ва ҳам ёдоварӣ аз таҳримҳои зидди Русия, ки "бубинед, боз барои аз ин таҳримҳо фирор кардани Русия даст ба кор нашавед".
Радиои Озодӣ: Суҳбатҳо аз зарурати ҳамкориву шарикии миёни Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар ҳолест, ки ҳадди ақал ду кишвари минтақа – Тоҷикистону Қирғизистон – баъди муноқишаи пурқурбонии моҳи сентябр муносибати ҳамвору соддае надоранд. То куҷо ин нишаст, ки онҷо Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов ҳам ҳастанд, ба ин буҳрон сабукӣ хоҳад овард?
Мерҳат Шарифҷон: "Ин як суоли мушкил аст. Агар мулоқоти Раҳмон ва Ҷабборов баргузор шавад, он муҳимтар аз мулоқоти ин ду раҳбар бо Шарл Мишел хоҳад буд. Бояд дуруст дарк кунем, ки ҳоло мушкил ҷаҳонитар аст ва он ба осиёби Путин об мерезад. Чаро ман чунин мегӯям? Путине, ки зидди Украина меҷангад, гуфтааст, ки хати сарҳади кашидашуда баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ нодуруст аст. Онки ӯ дар мулоқоти охир миёнаҳои моҳи октябр ба Ҷабборову Раҳмон гуфт, бо харитаҳои пешина мадад мекунад, баёнгари он аст, ки низоъ ба манфиати Русия аст, чунки ӯ таҷовузашро ба хоки Украина “сафед” мекунад.
Талоши ӯ аз байн бурдани тамоми хатҳои кашидашудаи марзӣ баъди пошхӯрии Шӯравӣ аст. Ӯ ба Украина ҳуҷум кард, бо референдуми сохта қаламравҳоеро дар ин кишвар аз худ намуд ва моҷарои миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба ӯ ёрӣ медиҳад, ки ҳамаи созишҳои марзии баъди пошхӯрии Шӯравӣ эҷодшударо бозбинӣ кунад."
Видеоро дар инҷо бинед:
Гуфтугӯ