Мудири як телевизиони мустақилро дар шаҳри Панҷакент ба гумони "авбошӣ" дастгир кардаанд, вале худаш гуфта, ки гуноҳ надорад. Ба қавли вакили мудофеъ, қазия ба занозании моҳи сентябри имсол вобаста аст. Дар он ҳодиса як узви пешини "Авангард" ва ҳоло корманди Идораи ҷавонон осеб дидааст.
Дар Додситонии шаҳри Панҷакент гуфтанд, нисбат ба мудири телевизиони мустақили "Ориённур", Сино Ниёзов, ба иттиҳоми "авбошӣ" парванда кушоданд ва таҳқиқ идома дорад. Ин банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ҷарима ё аз 5 то 8 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Манобеъ рӯзи 27-уми октябр гуфтанд, парванда бар асоси шикояти Беҳзод Муҳаммадӣ, узви пешини гуруҳи "Авангард" ва ҳоло корманди Идораи ҷавонони Панҷакент, боз шуд.
Ба иттилои онҳо, баҳс бар сари занозании рӯзи 9-уми сентябри имсол дар назди тарабхонаи "Меҳр"-и Панҷакент аст. Беҳзод Муҳаммадӣ иддао карда, ки он рӯз Сино Ниёзов ва се ҳамроҳаш ӯро заданд ва ба либосаш "пешоб карданд".
Наргис Азизқулова, вакили мудофеи Сино Ниёзов, мудири телевизиони мустақили "Ориённур", мегӯяд, зерҳимояаш иттиҳомро рад кардааст, ба истиснои як маврид.
"Ӯ гуфт, ки ҳангоми рақсидан дар дохили тарабхона Беҳзодро тела дод, тамом. Занозанӣ дертар дар саҳни тарабхона шудааст. Ҳоло тафтиш собит хоҳад кард, ки гунаҳкор кист," -- шарҳ дод вакил.
Хонум Азизқулова дар суҳбат бо мо "баҳси пешоб"-ро тасдиқ кард ва гуфт, барои ташхиси он санҷиши вижа оғоз шуд. Ба иттилои вакили мудофеъ, тафтиш то нимаи моҳи ноябр идома хоҳад кард.
Талошҳои мо барои суҳбат бо Беҳзод Муҳаммадӣ натиҷа надод. Чанд дафъа дар саҳифааш дар Фейсбук ба ӯ паём гузоштем, аммо ҳанӯз посух нагирифтем.
Яке аз дӯстонаш бе зикри ном гуфт, Беҳзод Муҳаммадӣ "ҳодисаро фаромӯш карда буд", аммо баъди нашри аксҳояш дар ҳолати мастӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба Додситонӣ шикоят кард. "Ин аксҳоро махсус ба намоиш гузоштаанд, ки бубинед як сармутахассиси ҳукумати Панҷакент чӣ ҳол дорад. Дар ҳоле ки ӯ барои тарбияи ҷавонон ва ҷалби онҳо ба сафи артиш саҳми ҷиддӣ дорад," – афзуд ӯ.
Беҳзод Муҳаммадӣ 26-сола ва узви пешини гуруҳи "Авангард", як созмони вобаста ба Вазорати корҳои дохилӣ аст. Пайравони ин гуруҳ бештар ба ҷонибдорӣ аз ҳукумату мансабдорон ва ҳамлаҳои лафзӣ ба зидди мухолифон ва мунтақидон шуҳрат доранд.
Боздошти мудири як телевизиони мустақил дар пасманзари боздошту ҳабси чанд хабарнигор ва блогери шинохта дар Тоҷикистон нигарониҳоро афзуд. Вакил мегӯяд, қазия ба кори рӯзноманигорӣ рабт надорад, вале сарнавишти телевизиони "Ориённур", ки Сино Ниёзов соли 2019 фаъол карду сармояаш аз ҳисоби таблиғу тиҷорат аст, ҳоло норӯшан мондааст.
Гуфтугӯ