Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Доналд Трамп хостанд, ки таҳти савганд "баёнот" диҳад


Доналд Трамп бояд дар ҳузури вакилони мардумӣ посух диҳад.
Доналд Трамп бояд дар ҳузури вакилони мардумӣ посух диҳад.

Як гуруҳи вижаи Маҷлиси Намояндагони Амрико, ки исёни рӯзи 6-уми январ дар бинои порлумонро таҳқиқ мекунад, бо раъйи якдилона аз раиси ҷумҳури собиқ Доналд Трамп хост, дар ҳузури аъзои ин гуруҳ ба суолҳои онҳо ҷавоб диҳад.

Ба қавли аъзои гуруҳи мазкур Доналд Трамп пеш аз беназмиҳои олуда ба хушунат “дониста” амал карда ва ҳушдорҳои батакрори мушовирону мақомоти ҳукуматро нодида гирифтааст. Лиз Чейнӣ, узви гуруҳ аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ рӯзи 13-уми октябр гуфт: “Мо бояд баёноти бозигари асосии рӯзи 6-уми апрелро таҳти савганд бишнавем.”

Доналд Трамп билофосила қарори мазкурро танқид кард ва пурсид, ки чаро кумита то охирин ҷаласа мунтазир шуда ва ингуна қарор содир кардааст. Ӯ нагуфт, ки оё даъват барои баёнот доданро мепазирад ва меояд, ё не, вале ба қавли таҳлилгарон, ӯ зоҳиран ба додгоҳ шикоят мебарад.

Барои собит кардани дурустии даъват барои баёнот додан, гуруҳи таҳқиқотӣ видеоеро нашр кард, ки нишон медиҳад, раҳбарони Конгресс барои ҳимоят аз ҳамла ба ину он телефон мекунанд, вале Доналд Трамп намехоҳад, издиҳомро ба бас кардани ошӯбу нооромӣ даъват намояд.

Гуруҳи таҳқиқотӣ ҳамчунин паёмҳои то ҳол нашрношудаи Хадамоти махсуси Амрикоро нашр кард, ки нишон медиҳад, гуруҳҳои ифротӣ барои ширкат дар нооромиҳо ҳафтаҳо пеш омодагӣ гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG