Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон "не" гуфт, нерӯҳои СПАД ба Тоҷикистон меоянд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ хабар дод, ки тамрини нерӯҳояш аз 10-ум то 21-уми октябр дар Тоҷикистон хоҳад гузашт. Ин машқи низомӣ бояд дар ҳудуди Қирғизистон баргузор мешуд, аммо Бишкек як рӯз пеш онро бекор кард.

Нерӯҳои СПАД роҳҳои аз байн бурдани гуруҳи мусаллаҳеро машқ мекунанд, ки ба қаламрави яке аз кишварҳои узв ворид шудааст. Бахши асосии тамрин дар Ҳарбмайдон 17-уми октябр оғоз хоҳад шуд.

Бино ба хабари СПАД, дар тамрин ҳудуди 1000 сарбозу афсар иштирок карда, аз 300 таҷҳизоти низомӣ, аз ҷумла ҳавопаймову чархболҳо истифода хоҳад шуд.

Арманистону Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ҳастанд.

Ин созмонро ҳамеша барои нотавонии пешгирӣ аз муноқиша байни аъзои худ ва ҳимояти манофеи онҳо танқид мекунанд. Мавҷи танқидҳо бахусус замони даргирӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ва муноқишаҳои байни Озарбойҷону Арманистон мушоҳида мешавад.

Нахустин ва то ҳол ягона мавриди истифода аз нерӯҳои сулҳхоҳи СПАД моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон анҷом шуд; замоне ки Қосимҷомарт Тоқаев дар пайи эътирозҳои зиддиҳукуматӣ ва бетартибиҳо аз СПАД кумак хост.

Дар натиҷаи ин дархост 2030 сарбоз ва 250 таҷҳизоти низомӣ ба Қазоқистон фиристода шуд, ки аз сохтмонҳои стратегӣ ҳифозат карданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG