Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мансабдори Қирғизистон гуфт, ки чаро тамрини СПАД нашуд


Эдил Байсалов
Эдил Байсалов

Муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон шарҳ додааст, ки чаро кишвараш аз баргузории тамрини нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ даст кашид.

Эдил Байсалов рӯзи 11-уми октябр ба хабаргузории русии "РИА Новости" гуфтааст, тасмим ба даргирии охири мусаллаҳона дар сарҳад бо Тоҷикистон пайванд дорад. Дар ин ҳодиса аз ду ҷониб даҳҳо кас кушта шуданд.

Байсалов ҳамзамон таъкид кардааст, ки узвияти Қирғизистон дар СПАД "комилан шикастнопазир" аст. "Мо бо созмон... мушкил надорем... вале афкори ҷомеаи Қирғизистон ҳузури ҷузъу томҳои мусаллаҳи ҳамсояи тоҷики моро дар ин машқҳо қабул намекунад," – афзудааст ӯ.

Ба қавли мансабдори Қирғизистон, "ин тавр намешавад, ки ба онҳо (Тоҷикистон) бигӯем, Шумо наоед, вале қазоқҳо, русҳо ва беларусиҳо биоед. Бинобар ин, маҷбур шудем, тамринро бекор кунем. Дар кишварҳои узви СПАД инро мефаҳманд."

Эдил Байсалов дар айни замон аз шарҳи ба гуфтааш "нодуруст"-и масъала аз ҷониби баъзе аз шаҳрвандон ибрози нигаронӣ кардааст.

Қирғизистон рӯзи 9-уми октябр гуфт, ки баргузори тамрини нерӯҳои СПАД-ро дар қаламраваш бекор кард. Пас аз як рӯзи он Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ хабар дод, ки тамрин дар Тоҷикистон мегузарад ва аз 10-ум то 21-уми октябр.

Равобити Тоҷикистону Қирғизистон пас аз задухӯрди мусаллаҳонаи 14-17-уми сентябри имсол дар сарҳад, ки аз ду тараф даҳҳо кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт, ба сардӣ гароид. Душанбеву Бишкек якдигарро ба шурӯи даргирӣ ва таҷовузи низомӣ гунаҳкор медонанд ва баҳсро то Созмони Милал кашидаанд.

Ҷанҷоли ду ҳамсоя бар сари таъини хати сарҳад аст, ки тӯлаш ба тақрибан ҳазор километр мерасад, аммо бахше аз он муайяну нишонагузорӣ нашудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG