Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мардум нав фаҳмид." Чаро духтарони Девлохак аз таҳсил дур монданд? ВИДЕО


Деҳаи Девлохак, ноҳияи Нуробод
Деҳаи Девлохак, ноҳияи Нуробод

Се духтари ҷавон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар як деҳаи дурдасти ноҳияи Нуробод ба хонандагон дарс медиҳанд. Мақомот мегӯянд, ба сабаби аз таҳсил дур мондани духтарону баъзе писарон дар ин ноҳия солҳои охир муаллим намерасад. Омӯзгорони ҷавон аз Бадахшон мегӯянд, ҳадафашон ислоҳи ҳамин камбудӣ аст.

"Хонандагон шавқ доранд, аммо..."

Мушкиноз Мамадшоева 21-сола аст ва ба хонандагон аз фанни физика ва математика дарс медиҳад. Аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Бохтар омада, дар донишгоҳ хонд ва ҳоло тақдир ӯро ба ин деҳаи дурдасти ноҳияи Нуробод овард.

“Сабаби омадани мо ба инҷо набудани кадр аст. Дар Бадахшон кадр бисёр аст. Барои онки ин талабаҳо ягон чиз омӯзанд, ҷавонон пешрафт кунанд, ба инҷо омадем. Ба талабаҳо дарс медиҳем. Чӣ кӯшише ки карда истодаем, барои ҳамин талабаҳо аст,” – гуфт Мушкиноз.

Навор дар инҷост:

Чаро духтарони Девлохак аз таҳсил дур монданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00

Дар деҳаи Девлохак қариб 40 оила зиндагӣ доранд. То се сол пеш мактаби деҳа то синфи чаҳорум буд. Хонандагон барои идомаи таҳсил маҷбур буданд, ҳафт километр роҳро тай карда, ба деҳаи дигар раванд.

Ба хотири дур ва хатарнок будани роҳ, баъзе волидон духтарони худро ба таҳсил намегузоштанд. Чанд сокини деҳаро барои ин кор ҷарима бастанд. Се сол пеш мардуми деҳа тариқи ҳашар синфхонаҳои нав сохтанд. Акнун духтарону писарон дар мактаби деҳа то синфи 9-ум мехонанд.

“Талабаҳо ба дарс бисёр шавқ доранд, аммо деҳа аст ва аз синфи якум нахондаанд. Кӯшиш дорем, ки аз инҷо ягон кадр барояд. Ба онҳо дарс медиҳем, ки омӯзгор шаванд, директор шаванд, худашон инҷо кор кунанду аз Бадахшон муаллим наоранд. Мактаби худашонаро обод кунанд. Мо ба инҳо мадад мекунем, ки оянда касберо интихоб намоянд,” – гуфт Мушкиноз.

Ноҳияи Нуробод
Ноҳияи Нуробод

"Ҳоло вазъият дигар шудааст"

Се муаллима аз Бадахшон дар яке аз ҳуҷраҳои мактаб зиндагӣ мекунанд. Сокинони деҳа ба онҳо мадад мерасонанд. Саидраҳмон Ҷумъаев, сокини деҳаи Девлохак, мегӯяд, “аз роҳи дур ҳастанд, ҳурмат мекунем, дӯсташон медорем.”

Ноҳияи Нуробод дар водии Рашт ҷойгир аст. Солҳои гузашта на ҳамаи духтарон дар ин қисмати Тоҷикистон таҳсил мекарданд. Масъулон мегӯянд, ҳоло вазъият тағйир кардааст.

Ба қавли Меҳриннисо Маҷидова, мудири мактаби 55, “мардум нав фаҳмид, ки хондан хуб будааст. Барои онки духтур надоранд. Маҷлис карда, мефаҳмонем, ки то кай аз дигар ҷой барои Шумо духтуру муаллима биорем. Барои ҳамин, худашон хонда истодаанд.”

Мақомот бо ҷудо кардани квота талош карданд, духтаронро аз минтақаи Рашт ба донишгоҳҳо ҷалб кунанд. Аммо сокинон гуфтанд, то ҳол аксари духтарон то синфи 9-ум таҳсил мекунанд. Ҳамин чиз боис шудааст, ки аз минтақаҳои дигар барои онҳо муаллим ва пизишк оранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG