- Оё "Толибон" ба зидди занон ҷанг эълон кардаанд?
- Аз занон метарсанд, ки бо тамоми қудрату аслиҳа барои зери по кардани ҳуқуқи онҳо мубориза мебаранд?
- Магар ба зан нафрат доранд?
- Барои чӣ намегузоранд, ки ба мактаб раванд ва аз хона берун оянд?
Ин дафъа дар "Гапи Озод" ҳамин мавзуъ матраҳ шуд. Ҳасина Сoфӣ, сарпарасти собиқи Вазорати умури занон дар Афғонистон аз Лондон ва Шаҳрияи Аҳтамзод, шоир ва фаъоли занон аз Душанбе меҳмонони барнома буданд.
Ҳасина Софӣ: "Занони афғон собит карданд, ки инҳо яке аз шаҳрвандони фаъолу муассири як миллат ва як кишвар ба ҳисоб мераванд. Ягона далеле, ки имрӯз занҳо дар ҳошия гузошта шуданд ва ё ҳатто метавонем, бигӯем, ҳазф шуданд, ҳамин аст, ки тавоноиашон ба ҳайси як шаҳрванди муассир ва коро барои инкишофи мамлакат собит шуд."
Шаҳрияи Аҳтамзод: "Ин як тоифаи зиштамале ҳаст, ки ба сари тамоми мардуми Афғонистон омадааст, ба вижа ба сари бонувон ва хонумони азизи Афғонистон. Инҳо чӣ тоифае ҳастанд, ки зан ва модарро бад диданд. Инҳо ин қадар беандеша ва бефарҳанг ҳастанд, ки занони коргар ва муборизро аз кору таҳсил маҳрум карданд."
Ҳасина Софӣ: "Афғонистон ягона мамлакати исломӣ ва мусалмонӣ дар ҷаҳон нест. Мо ҳоло Тоҷикистонро мебинем, Ҳинду Покистонро мебинем. Эрону Арабистон ва Туркияро мебинем. Инҳо кишварҳое ҳастанд, ки пешрафт доранд, барои онки сари зан ҳамчун як узви фаъоли ҷомеа ҳисоб карданд. Пас, инҳо кадом таърифе аз шариат доранд, ки бар асоси он дар ҷомеа барои зан ҷой нест?"
Шаҳрияи Аҳтамзод: "Албатта, ман фикр мекунам, дар давлатҳои исломӣ сатр даркор аст, вале дар Афғонистон онро сатр намегӯянд, онро тоҷикони мо ҷувол меноманд, ки “Толибон” ба сари занҳо кашидаанд. Ин як торикӣ ва зулмот аст, ки ба сари бечора занҳои мо овардаанд."
Давоми баҳсро худатон дар барнома ва инҷо бубинед:
Барномаро дар Ютюб тамошо кунед: