Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Сомониён мехоҳанд, нахуст мактаби сӯхта барқарор карда шавад. ВИДЕО


То 16-уми сентябр дар мактаби деҳаи Сомониён 350 шогирд таҳсил мекард
То 16-уми сентябр дар мактаби деҳаи Сомониён 350 шогирд таҳсил мекард

Дар 16-ум рӯзи соли нави хониш кӯдакону наврасони деҳаи марзии Сомониён дар паи муноқишаи мусаллаҳонаи Тоҷикистону Қирғизистон аз мактаби худ маҳрум шуданд.

Сокинони деҳа мегӯянд, мақомот бояд ҳарчи зудтар онро дубора созанд, чунки мактаби дигари наздиктарин ба деҳа аз ин ҷо 10 километр дур аст. Мақомот ваъда додаанд, ки ин талаби сокинонро иҷро хоҳанд кард.

Мактаби рақами 64 ягона тадрисгоҳе дар деҳаи Сомониёни Поён ва ҳам Боло аст, ки тақрибан 350 толибилм дар он таҳсил мекарданд. Ба гуфтаи сокинон дар рӯзи ҳодиса ин мактаб сӯхтаву нобуд шуд ва тақрибан як ҳафта боз фарзандонашон аз дарсҳо қафо мондаву аз таҳсил дур шудаанд.

Ин мактаб аз марзи Қирғизистон тақрибан 200 метр фосила дорад ва шоҳидон мегӯянд, ки мактаб субҳи барвақт пеш аз оғози дарс мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Он рӯз сокинон натавонистаанд, ки пеши роҳи нобуд шудани мактабро гиранд.

Шариф Назаров, посбони мактаби Сомониён гуфт: “Соати тахминан 5:15 аз ин лабу он лаб овози тиру тупу туфаланг баромад. Муддати 15 соат ана ҳамон рӯз ҷанг давом кард. Рӯзи ҷумъаи санаи 16-ум буд”.

Вақте ҳодиса рӯй дод, дар дохили синфхонаҳои мактаб беш аз 10 муаллим буд. Он рӯз Камолхон Собиров, муовини мудири мактаб захмӣ шуду ҳоло дар беморхона бистарист.

Шариф Назаров афзуд: “Мо аз дур дидем, ки хонаҳо оташ гирифтанд, баъди он ин ҷо дудаш баланд шуду аз ҳамин тараф даргирифт. Лекин мо ин ҷо наомадем рости гап, чунки мо ин ҷо биёем моро мепаронданд. Мо тарсида наомадем, чунки силоҳ надоштем, ки давида оем. Дар ҳамин ҳолат оташ баланд шуд ва фаҳмидем, ки мактаб ҳам сӯхта истодааст”.

Муаллимон куштаву захмӣ ва мактаби деҳаи Сомониён ба коми оташ рафтааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:41 0:00

Аҳмад Мухторзода, сокини деҳаи Сомониён мегӯяд, “баъди ҳамин муноқиша бачаҳои мо таҳсил накарда истодаанд. Ҳоло на фақат мактаб, ҳатто ҷойи хоб надоранд. Ҳар касе ёру дӯст дошт, бачаҳояшро бурда худаш омада ҳамин ҷо шиштааст. Касе, ки аз тарафи дигар маҳаллаҳо ҷо надошт, сарсону саргардон гаштаст. Ягон хел дарс намегузарад ва ба дигар мактаб ҳам нарафтааст”.

Абдувосит Аюбов, сокини деҳаи Сомониён мегӯяд, набераҳояшро ба хонаи ёру дӯстон бурда монд ва худаш ба деҳа баргашт. «Якташ мактабро тамом кардагӣ, дуюмаш мактаб сар шавад, мехонад. Ҳозир мактаб нест, дидед ба хок яксон аст”.

Сокинон аз қафомонии таҳсили фарзандонашон нигаронанд ва зудтар мехоҳанд, ки онҳо ба мактаб баргарданд.

Умедҷон Мақсудов, сокини деҳаи Сомониён ба иловаи мушкили бемактабии фарзандон, бесарпаноҳ шудааст: “Ҳозир дар маҳаллаи Таги Боғ, дар як хона шиштаем ва дар ҳолати бехонагӣ қарор дорем. Ҳаракат кунанду тезтар мактабамонро сохта диҳанд, нағз мешуд”, мегғд ӯ.

Нозим Холиқбердиев, сокини деҳаи Сомониён гуфт: “Наберачаи ман дар он мактаб таҳсил мекард. Гуфтанд, ки акнун инҳо куҷо мехонанд. Ман гуфтам, ки онҷо сӯхтагӣ намедонем. Баъд дар ҷавоб гуфтанд, ки инҳо ҳамааш дар Исфара мехонад. Ба набераам 500 сомонӣ пул доданд раиси вилоят”.

Падару модарон мегӯянд, он рӯз қарор буд бачаҳо ба дарс меомаданд, вале аз ваҳшати ҷанг хеле ба ҳарос афтодаанд. Онҳо аз вазъи саломатӣ ва ояндаи фарзандонашон нигаронанд.

Тарафи Қирғизистон ҳам мегӯяд,дар ин даргириҳо 9 мактаб ва боғчаҳои кӯдакон дар вилояти Бодканд осеб дидаанд.

Аҳмад Мухторзода, сокини деҳаи Сомониён мегӯяд: “Бачаҳои мо ҳамроҳи муҳофизон аз Майскии поён (Сомониёни поён) ба дарс меояд ва боз муҳофизон ба хонааш бурда мемонад. Мо ҳайронем, ки бачаҳои мо оянда чӣ хел калон мешавад?! Бачаҳои мо ғайри кулоҳи низомӣ ва автомат чизеро дар кӯча намебинад”.

Муноқишаи хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз 14 то 17-уми сентябри имсол идома кард ва аз ду тараф бештар аз 100 кушта барҷой гузошт. Чандин мактаби наздимарзӣ ҳадафи ҳамла қарор гирифта ва пурраву қисман тахриб шудаанд. Баҳром Ҳакимов, муаллими мактаби Хоҷаи Аъло низ дар ҷараёни кор ва дар пайи ҳимояти ҷони толибилмон кушта шуд.

Бахшҳои дақиқнашудаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳар чанд вақт боиси даргирие мешаванд, ки куштаву захмӣ ва акнун ҳолати ваҳмро аз худ ба ҷой мегузорад. Ду кишвар 970 километр марз доранд ва тақрибан ниме аз онро таъину нишонагузорӣ накардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG