Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии Тоҷикистон алайҳи низомиёни қирғиз парванда кушодааст


Як низомии қирғиз дар назди нуқтаи обтақсимкунии "Головной"
Як низомии қирғиз дар назди нуқтаи обтақсимкунии "Головной"

Додситонии кулли Тоҷикистон эълон кард, ки баъд аз муноқишаи рӯзҳои 14-17 сентябр дар марз, алайҳи як гуруҳ аз низомиёни Қирғизистон ва сокинони маҳаллии ин кишвар парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Соли гузашта додситонии Қирғизистон низ дар робита ба муноқишаи марзӣ парванда боз карда буд, аммо дар бораи натиҷаи он хабар дода нашуд.

Бинои Додситонии кулл
Бинои Додситонии кулл

Додситонии куллии Тоҷикистон шоми 23-юми сентябр бо пахши изҳороти расмӣ низомиёни қирғизро ба он муттаҳам кард, ки ба хотири “ғасб намудани ҳудуди мамлакат” ба дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ва деҳаҳои аҳолинишини Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Лахш ҳуҷум кардаанд.

Мақомоти Қирғизистон баръакс мегӯянд, низомиёни Тоҷикистон ба чанд деҳаи марзии ин кишвар ҳамла карда, онҳоро ғасб намуданд. Душанбе ва Бишкек якдигарро ба тарҳрезии муноқиша айбдор мекунанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон дар изҳороташ чанд далелеро пеш овардааст, ки чанд рӯз пеш аз забони муовини вазири корҳои хориҷӣ низ садо дода буд.

“Тафтишоти пешакӣ муайян кард, ки Ҷумҳурии Қирғизистон пешакӣ нақшаи ҷанги таҷовузкоронаро бо мақсади ғасби ҳудуди Тоҷикистон тарҳрезӣ намуда, дар маҳалҳои наздисарҳадӣ ба миқдори зиёд техникаҳои ҳарбии вазнини заминию ҳавоӣ ва шумораи зиёди хизматчиёни ҳарбиро ҷой дода, зиёда аз 140 ҳазор сокинони маҳаллии наздисарҳадии худро пешакӣ аз манзилҳои истиқоматӣ ба дигар минтақаҳо кӯчонида, якбора ба ҳудуди 4 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, барқасдона хилофи меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ба минтақаҳои ғайринизомӣ, аз қабили муассисаҳои таълимӣ, масҷид, беморхонаҳо, мошинҳои ёрии таъҷилӣ, занон, кӯдакон ва аҳолии мулкӣ зарбаҳои ҳалокатовар зад,” - омадааст дар изҳороти додситонӣ.

Мақомоти Қирғизистон айни ҳамин даъворо доранд ва мегӯянд, низомиёни тоҷик дар рӯзи муноқиша ба мактаб ва дигар иншооти иҷтимоӣ ҳамла карда, чанде аз онҳоро ғасб намудаанд. Дар ин замина ягон таҳқиқоти мустақилона анҷом нашудааст ва ба ин хотир тасдиқи даъвои ду тараф мушкил аст. Ҳарчанд Душанбе ва Бишкек мегӯянд, барои исботи онки ҳамларо ҷониби дигар оғоз кардааст, далел доранд.

осори муноқишаи рӯзи 16 сентябр
осори муноқишаи рӯзи 16 сентябр

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 23-юми сентябр захмӣ шудани “садҳо хизматчиёни ҳарбӣ ва сокинони осоишта” ва ҳалок шудани “даҳҳо нафар”-ро тасдиқ карда, аммо шумораи умумиро нагуфт. Мақомоти тоҷик то ин дам ҳалокати 41 нафарро тасдиқ кардаанд, аммо Радиои Озодӣ номи 70 касро муайян кард, ки дар муноқишаи ахир аз тарафи Тоҷикистон кушта шуданд. Ҷониби Қирғизистон аз ҳалокати 59 нафар ва захмӣ шудани беш аз 100 нафар хабар додааст.

Дар хабарномаи Додситонии куллии Тоҷикистон омадааст, ин ниҳод “нисбати гуруҳи хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон” бо иттиҳомҳои ҷанги таҷовузкорона, одамкушии ду шахс ё бештар аз он, барқасдона вайрон намудани меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ва диверсия парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, “гуруҳи тафтишотӣ-фаврӣ созмон дода шуда, тафтишот давом дорад.”

Мақомоти Қирғизистон ба ин изҳорот ҳанӯз вокуниш накардаанд. Вале моҳи майи соли гузашта ва баъди як низои хунин дар марз, Додситонии кулли Қирғизистон аз оғози парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи "Ҷинояти зидди осоиштагӣ" парванда боз карда буд. Додситонии куллии Тоҷикистон низ аз оғози парвандаи ҷиноӣ хабар дода буд. Аммо мақомоти додситонии ду кишвар дар бораи натиҷаҳои ин таҳқиқот чизе нагуфтанд. Танҳо бар асоси даъвои ду тараф чанд нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Русия боздошт ва пас аз чанд моҳ озод шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG