Ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳаммарз бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, яке аз саҳнаҳои даргирии рӯзи 16-уми сентябр будааст. Ба гуфтаи сокинони ҷамоат, "муноқиша асосан дар маҳаллаи марзии Баҳор гузашт" ва "дар натиҷа, зиёда аз даҳ нафар куштаву захмӣ шуда, дастикам 5 ҳавлӣ осеб дид ва як мағоза пурра сӯхт."
Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора ҳеч иттилоъ намедиҳанд. Ҷониби Қирғизистон ҳамвора даъво дорад, ки нерӯҳои Тоҷикистон ба деҳаву минтақаҳои наздимарзии онҳо ҳамла кардаанд.
"Дидам, ки чанд кас дар замин хобидааст"
Атрофи масҷиди Гадойбойи ҷамоати Овчӣ-Қалъача макони асосии талафоти одамон ва захмиён дар ин минтақаи марзӣ будааст. Нишон аз қатраҳои хун дар замин ва либосҳои хунолуд дар наздикиҳои он далел аз ҳодисаи хунини бегоҳи 16-уми сентябр аст.
Абдурасул Ҷумъаев, муаззини масҷиди Гадойбой, рӯзи 17-уми сентябр гуфт, "соати тақрибан 5-и бегоҳ як гулӯлаи Қирғизистон ба наздикии масҷид зад." Мақомоти Тоҷикистон ҳамлаи бесарнишини Қирғизистонро ба масҷиди ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тасдиқ карда, аммо нагуфтанд, ки дар ин ҳодиса чанд нафар ба ҳалокат расид.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар иттилоияе гуфт, ҳамлаи бесарнишин ба масҷиди Овчӣ-Қалъача соати 17:20-и 16-уми сентябр рӯй дод. Ҷониби Қирғизистон дар ин бора чизе нагуфтааст.
Наворҳоро аз Овчӣ-Қалъача дар инҷо бинед:
Бизайнаб Бердиева, сокини Овчӣ-Қалъача, мегӯяд, “дар пеши масҷид одамон ҷамъ омада буданд. Ман аз роҳ мегузаштам. Як чиз омаду садои сахте дод ва туфаланг шуд. Дидам, ки чанд кас дар замин хобидааст. Як нафар мегуфт, ки муаллим Аҳрорро ба мошин савор кунед. Ман инро шунида девона шудам."
"Мудири мактаб захмӣ шуд, табиб ҷон бохт"
Аҳрор Неъматов мудири мактаби ҷамоат ва додари Бизайнаб Бердиева дар ин ҳодиса аз пояш захм бардошта, ҳоло дар бемористон аст. Табиби ҷамоат, Каромат Сатторова, дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст.
Бизайнаб Бердиева мегӯяд ин саҳнаҳоро шоҳид буд: "Каромат Сатторова истода буд, ки садои тиру тӯп баланд шуд. Ман гуфтам, келин, натарсед. Сипас ба наздикии масҷид рафт. Гулӯла аз қафояш задааст."
Сокинони ҷамоат мегӯянд, дар ин воқеа ба ғайр аз Каромат Сатторова чанд табиби дигар низ кушта шудаанд. Мақомот ҳеч шарҳ намедиҳанд. Пайвандони Солеҳҷон Раҳимов, пизишки 45-солаи ҷамоати Овчӣ-Қалъача, ҳоло дар мотам нишастаанд. Ба гуфтаи падараш, Солеҳҷон Раҳимов ҳангоми иҷрои вазифа ба ҳалокат расидааст.
"Ба нақли одамон, дар дохили мошин будааст. Як снайпер тир холӣ мекунад. Тир аз гулӯи ҳамкораш, Набиҷон, баромада ба пешонии писарам задааст. Бо як тир ҳардуяшро куштаанд," – гуфт Шарифҷон Раҳимов, падари Солеҳҷон Раҳимов. Тасдиқи ин гуфтаҳо аз манобеи расмӣ то ҳол даст надод.
Нақшаи барбодрафтаи Болтуевҳо
Дар хонаводаи Болтуевҳо рӯзи 20-уми сентябр бояд тӯй мешуд ва Муҳаммадҷон Болтуев арӯс меовард. Як гулӯлае, ки 16-уми сентябр ба ҳавлии онҳо афтоду таркид, нақшаашро барбод дод. Аз таъсири он дару девори хонаҳояшон осеб дидааст.
Муҳаммадҷон Болтуев, сокини Овчӣ-Қалъача, гуфт, "ҷанг сар шуд, дарҳол аъзои оиларо гирифтаму аз инҷо баромада рафтем. Баъди як соат телефон шуд, ки ба хонаатон ҳамихел тиру туфанг заданд. Баъди нисфирӯзӣ биёем, ҳамин вазъият аст."
Бо гузашти ду рӯз аз муноқиша то ҳол мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон хисороти расидаро эълон накардаанд. Бино ба наворҳое, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтаанд, дида мешавад, ки даҳҳо манзил дар ҳарду тарафи марз хароб шудаанд.
Сокинони чандин ҳавлӣ дар ҷамоати Овчӣ-Қалъача баъди тахриб шудани хонаҳояшон дар ҷойҳои дигар зиндагӣ мекунанд ва интизори бозсозии манзили худ ҳастанд. Рӯзи 17-уми сентябр вазъ ҳарчанд ором буд, одамон дар кӯчаҳо кам намудор мешуданд ва баъди ҳодисаи як рӯз пеш дар ҳолати ваҳшатзадагӣ қарор доштанд.
- Вазорати тандурустии Қирғизистон рӯзи 18-уми сентябр гуфт, дар ҷараёни даргирӣ дар марз бо Тоҷикистон 36 кас кушта шуда, 129 нафар осеб дидаанд.
- Мақомоти Тоҷикистон дар бораи кушташудаҳо ва захмиён омор намедиҳанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз марги чандин низомӣ ва мардуми одӣ дар Исфараву Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд гузориш шудааст.
- Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, дар даргирии 14-16-уми сентябр дар Тоҷикистон 39 кас, аз ҷумла чанд кӯдак, кушта шудаанд.
Гуфтугӯ