Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии СММ аз талафот дар даргирии байни Тоҷикистону Қирғизистон


Пайвандони як марзбони кушташудаи тоҷик
Пайвандони як марзбони кушташудаи тоҷик

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз раҳбарияти Тоҷикистону Қирғизистон хостааст, барои оташбаси дарозмуддат вориди гуфтугӯ шаванд. Оташбасе, ки ду тараф борҳо ба он даст ёфтанд, вале ба қавли худашон "дер напоид". Пештар Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва як намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар масоили Осиёи Марказӣ низ ҷонибҳоро ба созиш хонда буданд.

Душанбеву Бишкек аз рӯзи 14-уми сентябр ба ин сӯ якдигарро ба тирпарронӣ ва куштори низомиёну афроди мулкӣ гунаҳкор мекунанд.

Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, дар даргирии чаҳор рӯзи охир дар Тоҷикистон 39 кас, аз ҷумла чанд кӯдак, кушта шудаанд. Мақомот омор намедиҳанд.

Вазорати тандурустии Қирғизистон дар бораи ҳалокати 24 нафар ва захмӣ шудани беш аз сад кас гузориш дод. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар аз "талафоти зиёд" гуфт, аммо рақамеро ба забон наовард.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Антонио Гутерриш, рӯзи 17-уми сентябр гуфтааст, афзоиши хушунатро дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон бо нигаронии амиқ пайгирӣ дорад.

Вай аз талафоти ҷонӣ дар даргириҳо сахт андӯҳгин шуда, ба қурбониён ва наздикони онҳо ибрози ҳамдардӣ кардааст.

Стефан Дуйаррич, сухангӯйи Созмони Милал, рӯзи 17-уми сентябр дар баёнияе гуфт, Антонио Гутерриш аз Тоҷикистону Қирғизистон даъват кардааст, шиддати вазъро дар сарҳад поин биоранд.

Дар изҳорот гуфта шудааст, Созмони Милал бо хоҳиши ҷонибҳо омодаи ёрӣ дар ёфтани роҳи ҳалли устуворест, ки ихтилофҳоро дар сарҳад аз байн бибарад.

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 14-уми сентябр ва дар байни ноҳияҳои Исфараву Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон сар зад ва дертар ба Лахшу Уш "кӯчид". То кунун аз ду тараф даҳҳо нафар куштаву захмӣ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҷониби Қирғизистон бо чархболи низомиву ҳавопаймои бесарнишин ва силоҳҳои вазнину гурӯҳӣ хонаҳои мардум ва иншооти ғайринизомиро зад.

Ҷониби Қирғизистон айни иддаоро дорад ва ҳамвора гуфтааст, ки Тоҷикистон бо силоҳҳои вазнин ва дастгоҳи мушакии РСЗО ба гӯшаҳои Бодканд ҳамла кард.

Сабаби муноқишаи охир дақиқ нест, вале таъйину нишонагузорӣ нашудани садҳо километр сарҳади ду кишвар ва даъвову ҷанҷол барои замину обу чарогоҳ солҳо боз баҳонаи даргирии хунин байни ду ҳамсоя шудааст. Ду кишвари собиқи Шӯравӣ ва болооби Осиёи Марказӣ 970-980 километр сарҳад доранд.

Мақомоти ҳарду тараф гуфтаанд, барои пурра ором кардани вазъ дар марз гуфтугӯ доранд. Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар баёнияи худ дар рӯзи 17 уми сентябр гуфт, вазъ дар марз печида мемонад, вале маълум нест то кай.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG