Вазорати тандурустии Қирғизистон гуфт, рӯзи 18-уми сентябр ҷасади 12 каси дигарро ба шифохонаҳои Бодканд овардаанд ва бо ин шумораи умумии кушташудаҳо дар ҷараёни даргирӣ дар марз бо Тоҷикистон ба 36 кас расидааст.
Як рӯз пеш вазорат дар бораи кушта шудани 24 нафар гузориш дода буд. Ба иттилои манбаъ, 129 нафар дар Бодканд осеб дидаанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи кушташудаҳо ва захмиён омор намедиҳанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз марги чандин низомӣ ва мардуми одӣ дар Исфараву Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд гузориш шудааст.
Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, дар даргирии 14-16-уми сентябр дар Тоҷикистон 39 кас, аз ҷумла чанд кӯдак, кушта шудаанд.
Рӯзҳои 14 ва 16-уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки қисме аз он таъйину нишонагузорӣ нашудааст, даргирии мусаллаҳона сар зад.
Тарафҳо якдигарро ба оғози ҷанҷол ва истифода аз силоҳҳои сангину дастгоҳи мушакӣ ва ҳавопаймои бесарнишин гунаҳкор карданд.
Дар ин муддат чанд бор дар бораи созиши оташбас хабар дода шуд, вале ба иддаои ҷонибҳо тирпарронӣ ба шакли пароканда рӯзи 17-уми сентябр идома кард.
Гуфтугӯ