Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаби нисбатан ором ва рӯзи “шиддатомез” дар марз 


Ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам рӯзи 16 сентябр шоҳиди муноқиша буд
Ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам рӯзи 16 сентябр шоҳиди муноқиша буд

Мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон мегӯянд, шаби гузашта нисбатан ором буд, аммо рӯйдодҳои нигаронкунанда низ ба мушоҳида расидаанд.

Хадамоти марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, баъди як рӯзи муноқиша вазъият дар марз бо Қирғизистон “нисбатан муътадил аст”, аммо низомиёни қирғиз чанд бор оташбасро вайрон карданд. Мақомоти Қирғизистон вазъият дар марзро “шиддатнок” арзёбӣ карда, неруҳои Тоҷикистонро ба нақзи созиши оташбас гунаҳкор намуданд.

“Шаби гузашта тирпарронӣ набуд, аммо вазъият то ҳол вазнин боқӣ мондааст. Барои ба ҳолати муқаррарӣ баргардондани вазъият мо ҳамроҳ бо ҷониби Тоҷикистон кор карда истодаем,”- гуфт Абдикарим Алимбаев, раиси вилояти Ботканди Қирғизистон. Вале мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, тарафи Қирғизисттон нерӯҳои наверо ба минтақаҳои наздимарзӣ воррид мекунад. Ин гуфтаи онҳоро як канали телеграмӣ бо нашри видеое аз ҳаракати қатори техникаи вазнини ҳарбӣ ба самти марз тасдиқ кардааст.

Сокинони минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистон мегӯянд, ҳарчанд вазъият ором аст, аммо нигарониҳо аз дубора сар задани ҳодиса зиёд мебошад. Аксари онҳо аз истифода шудани паҳпод ё ҳавопаймоҳои бесарнишин дар ин низоъ нигаронанд. Манбаъҳои гуногун аз зарбаҳои паҳпод ё дронҳо дар Овчӣ Қалъача, Шӯроб, Хоҷаи Аъло хабар додаанд. Гуфта мешавад, издиҳоми одамон дар назди масҷиди Овчӣ Қалъача ҳадафи дрон қарор гирифта, даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шудаанд.

Хабаргузории Ройтерс ба нақл аз манбаъҳои интизомии худ мегӯяд, рӯзи ҷумъа ба камияш 7 сокини Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд. Мақомоти Тоҷикистон шумори захмиён ва ҳалокшудагонро то ҳол расман эълон накардаанд. Тарафи Қирғизистон гуфтааст, дар ҷараёни даргириҳои ду рӯзи охир 24 нафар кушта ва зиёда аз 100 тан захмӣ шудаанд.

Мақомоти ду кишвар гуфтаанд, талошҳо барои муътадил кардани вазъият дар марз идома дорад. Аз ҷумла шаби 16 ба 17-уми сентябр мақомоти баландпояи марзбонии ду кишвар дар дидбонгоҳи “Гулистон”-и Тоҷикистон мулоқот кардаанд. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин мулоқот ва натиҷаҳои он расман чизе нагуфтаанд.

Муноқишаи рӯзи 16-уми сентябр яке аз хунинтарин даргириҳои миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар як соли ахир аст. Пеш аз ин моҳи апрели соли гузашта ҳам миёни ду кишвар ҷанҷоли калоне сар зада буд ва тирпарронӣ соатҳо идома кард. Ҳарду тараф ҳамдигарро дар сар задани ин муноқишаҳо айбдор мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG