Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, кишвараш дар даргирии мусаллаҳона дар марз бо Тоҷикистон “талафоти зиёд дод”.
Қамчибек Тошиев шаби 16-уми сентябр дар пахши мустақим дар Фейсбук гуфт, “талафот асосан дар байни низомиён аст. Рости гап, шумораи фавтидагонро мушаххас карда истодаем, мутаассифона, зиёд аст.”
Вай афзуд, “маҷруҳон низ зиёд ҳастанд. Ба сабаби кӯчондани саривақтии одамон, гуфтан мумкин аст, ки талафот дар миёни ғайринизомиён камтар буд,” – афзуд ӯ дар пахши мустақим.
Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, дар даргирии марзӣ 87 кас осеб дидааст. Пизишкон марги як духтари 15-соларо тасдиқ карданд, вале дар бораи талафоти дигар оморе надоданд.
Ҷониби Тоҷикистон дар бораи захмиёну кушташудаҳои рӯзи 16-уми сентябр ҳеч иттилоъ надод. Хабаргузории “Рейтерс” дар бораи кушта шудани як нафар дар Исфара навишт. Оҷонсии “Азия-Плюс” мегӯяд, як марзбони дигар кушта шудааст. Корбарони Фейсбук дар бораи кушта шудани чандин нафар дар Исфараву ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузориш доданд, вале мақомот онро тасдиқ ё рад накардаанд.
Ба иттилои раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, рӯзи 16-уми сентябр намояндагони Бишкеку Душанбе се ҷаласаи оташбас баргузор карданд, вале тирпарронӣ дубора аз сар гирифта шудааст. Душанбеву Бишкек якдигарро ба шурӯи тирпарронӣ ва нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.
Қамчибек Тошиев мегӯяд, “аз соати 20.00 оташкушоӣ дар ҳама ҷо бас шуд. Бо вуҷуди ин, вазъият душвор мемонад. Ҳеч кас замонат дода наметавонад, ки фардо ё имшаб чӣ хоҳад шуд. Ҳар ним соат бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов гуфтушунид дорем. Тамоми кувваро ба он равона мекунем, ки назорат пурра ҷорӣ карда шавад.”
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар идома ҷониби Тоҷикистонро ба “кӯшиши забти чанд деҳа” ва “сӯзондани хонаҳо” гунаҳкор кард.
“Хонаҳои онҳо низ сӯзонда шуданд. Ду деҳа мондааст, ки ба зудӣ озод карда, ҳамаро ба ҷойи худ бармегардонем,” – афзуд ӯ.
Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон баръакс дар баёнияе гуфтанд, "ҷониби Қирғизистон ба минтақаҳои Овчи-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара” ҳамла кардааст.
Ҷанги марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон солҳо боз бар сари тақсими замину обу чарогоҳ рӯй медиҳад. Ду кишвари собиқи Шӯравӣ ва болооби Осиёи Марказӣ 970-980 километр сарҳад доранд ва бахше аз онро муайяну нишонагузорӣ накардаанд.
Қитъаҳои баҳсӣ асосан байни ноҳияҳои Исфараву Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон мондааст.
Гуфтугӯ