Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамазон Қодиров гуфт, ба "рухсатии дарозмуддат" меравад


Дар як хабари ғайримунтазирае раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров эълон кард, ки "ба рухсатӣ" мебарояд. Дар шабакаи Телеграм-каналаш раҳбари Чеченистон, ки мавриди ҳимояти Кремлин аст, гуфт, ки мақомашро барои як "рухсатии номуайян ва тӯлонӣ" канор мегузорад.

Хабаргузории расмии ТАСС бо такя ба ҳамин саҳифаи Қодиров навишт, ки раҳбари Чеченистон худро "як раҳбари дарозумр дар миёни дигар минтақаҳои Федератсияи Русия" номида гуфтааст, ки дар фикри тарки мақом мебошад.

"15 сол шуд раҳбарии ҷумҳуриро ба ӯҳда дорам. Пеш аз он ки маро (аз вазифаам) пеш накунанд, вақти ман ҳам расид (, киаз мақом биравам). Мо аллакай дар ин бора фикр мекунем", гуфтааст Қодиров дар як навори видеоие, ки онро дар Телеграм-каналаш чоп кард. Дар шарҳаш мегӯяд, ки ба "як рухсатии бемӯҳлат ва тӯлонӣ" ҳақ дорад.

Қодиров 45 сол дорад ва аз соли 2007 ба ин сӯ Чеченистонро бо панҷаи оҳанинаш раҳбарӣ мекунад. Ҳанӯз маълум нест, ки Қодирове, ки як шахси наздик ба президент Владимир Путин аст, чӣ кор карданӣ аст, то куҷо воқеан ҳам ин изҳороти ӯ ҷиддӣ асту тасмимаш барои канор рафтан аз вазифа бо Маскав мувофиқа шудааст.

Вале таҳти раҳбарии ӯ дар Чеченистон ҳодисаҳои фаровони поймолшавии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла, таъқиби мунаққидони ҳукумату намояндагони аққалиятҳои ҷинсӣ рӯй додааст. Фаъолони ҳуқуқ ӯро дар таъқиби мунаққидонаш дар хориҷ аз Русия ва қатлу куштори онҳо гумонбар медонанд.

Тибқи гузоришҳо, моҳи марти имсол Қодиров ба Украина рафт. Дар он ҷо аъзои гурӯҳҳои ниманизомие, ки ба ӯ итоат мекунанд, дар сафи артиши Русия зидди Украина меҷангиданд. Вале тасдиқи дурустии ин хабарҳо, ки ӯ воқеан ҳам дар Украина буд, феълан имкон надорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG