Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон пешниҳод доранд, хушунаткоронро ба кӯчарӯбӣ фиристанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар Қазоқистон мехоҳанд, хушунаткорони хонаводагиро ҷазои бештар диҳанд. Дар ин бора вазири корҳои дохилии он кишвар Марат Аҳмадҷонов рӯзи 3-юми сентябр хабар дод.

Вай гуфт, дар ивази ҳушдори маъмурӣ хушунаткорони хонаводагӣ ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб хоҳанд шуд.

"Чунин ҷазо таъсирноктар аст. Хушунаткорони эҳтимолиро водор мекунад, ки рафтори худро назорат кунанд", - гуфт вазир.

Дар сурати қабули ин пешниҳодҳо, хушунаткорон дар сурати такрори хушунат то 25 рӯз ҳабси маъмурӣ низ хоҳанд шуд.

Ба иттилои Созмони Милал, ҳамасола то 400 зан дар Қазоқистон аз сӯи шавҳар ё маъшуқҳояшон кушта мешаванд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, хушунати хонаводагӣ дар Қазоқистон як мушкили доимист ва пулис на ҳамеша ба шикоятҳо дар ин маврид эътибор медиҳад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG