Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои соҳилӣ бе медал монданд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои соҳилӣ, ки рӯзҳои 27-28-уми август дар шаҳри Бат-Ями Исроил баргузор шуд, Тоҷикистонро се варзишгар намояндагӣ кард.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS), дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки аз рақобаҳои инфиродӣ ва дастаӣ иборат буд, варзишгарон аз Арманистон, Белгия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Исроил, Қазоқистон, Марокаш, Молдова, Нидерланд, Руминия, Сербия, Тоҷикистон, Узбекистон, Фаронса ва Ҷумҳурии Доминикан иштирок доштанд.

Тибқи қарори кумитаи иҷроияи FIAS варзишгарон аз Русия таҳти парчами Федератсияи байналмилалии самбо ширкат варзиданд.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои соҳилӣ дар Исроил се гуштигир – Шокир Қаландаршоев (58 кг), Фарҳод Олимбеков (71 кг) ва Каюмарс Норов (88 кг) – намояндагӣ карда, аз медал бенасиб монданд.

Мунтахаби FIAS дар мусобиқа аз рӯи ҳисоби рақобатҳои инфиродӣ бо касби чаҳор медали тилло мақоми аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Руминия бо касби се медали тилло ҷойи дувум ва дастаи Қазоқистон бо касби як медали тилло ҷойи севумро гирифтанд.

Дар мусобиқаи дастаӣ низ самбочиёне, ки таҳти парчами FIAS ҳунарнамоӣ карданд, ғолиб шуданд. Онҳо дар сабқати ниҳоӣ дастаи Руминияро шикаст доданд. Ҷойи сеюмро дастаҳои мунтахаби Исроил ва Арманистон бо ҳам тақсим намуданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои соҳилӣ

Мардон

58 кг

1. ОЛДИНБОЙ Kaйирбердӣ (Қазоқистон)

2. БОУҲЕССОУН Ёсир (Mарокаш)

3. БЕКЕТОВ Толобек (FIAS)

3. ҲОВСЕПЯН Давид (Aрманистон)

71 кг

1. МАҲДИЕВ Абумуслим (FIAS)

2. УМАРӢ Ёсин (Mарокаш)

3. СЗОКЕ Ласзло (Руминия)

3. ҶУМЪАБОЙ Парассат (Қазоқистон)

88 кг

1. ДУРНОЯН Александр (FIAS)

2. ДИАНИ Бадриддин (Mарокаш)

3. БОДИРЛАУ Чеорҷ (Руминия)

3. РАҲИМОВ Ҳусайн (Узбекистон)

+88 кг

1. НАТЕА Илие (Руминия)

2. АРАКЕЛЯН Давид (ИМА)

3. ГРИГОРЯН Давид (Aрманистон)

3. ХАРСЕВ Артур (FIAS)

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG