Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи 9 муҳоҷири афғонистонӣ аз Тоҷикистон. "Баъзеҳо корти гурезагӣ доштанд"?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, 9 шаҳрванди Афғонистон аз Тоҷикистон ронда шудаанд. Мақомот ба таври расмӣ қазияро шарҳ намедиҳанд. Се манбаи аз якдигар ҷудои Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои кор бо гурезагон хабари ихроҷи муҳоҷирони афғонро тасдиқ карданд. Пайвандони баъзе аз муҳоҷирони афғон иддао доранд, ки «онҳо корти гурезагии Созмони Миллалро доштанд».

"Шавҳарам дар он тарафи марз монду…"

Як манбаи боварбахши Радиои Озодӣ рӯзи 24-уми август ба шарти зикр нашудани номаш гуфт, ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ аз 19-уми август оғоз шуд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, “гурезагонро мақомоти амниятӣ ба марз бурда, аз онҷо ба Афғонистон ихроҷ карданд.”

“То ҳол намедонем, ки чаро ин ҳолат пеш омад. Баъзе аз муҳоҷирони афғонро барои тафтиши ҳуҷҷат даъват карда, бо мошин ба марз бурданд ва ба он тараф гузаронданд. Баъзеҳоро аз хона гирифта бурданд,” -- афзуд як манбаъ.

Тибқи иттилои ду манбаи Радиои Озодӣ, давоми як ҳафтаи охир 9 шаҳрванди Афғонистон аз Тоҷикистон ихроҷ карда шудаанд. Манобеи Озодӣ гуфтанд, шумори муҳоҷирони ихроҷшуди афғон метавонад, аз ин бештар бошад. Масъулони Комиссариати олии Созмони Милал дар умури гурезагон дар Тоҷикистон гуфтанд, аз масъала хабар доранд ва ба зудӣ дар ин бора иттилоия пахш мекунанд.

Пайвандони муҳоҷирони ихроҷшуда аз тарси бадтар нашудани мушкилашон намехоҳанд, номашон зикр шавад. Ҳамсари яке аз муҳоҷирони афғонистонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ду рӯз пеш шавҳарашро даъват карда, ба марз бурданд ва ба тарафи Афғонистон гузаронданд.

“Ҳуҷҷатҳои будубоши шавҳарам дуруст буд, ӯ корти гурезагии Созмони Милалро дошт, аммо ӯро аз Тоҷикистон берун карданд. Мурофиаи судӣ ҳам нашуд. Шавҳарам ҳоло дар он тарафи марз монду ман бо 3 кӯдакам дар Тоҷикистон ҳастем. Намедонем куҷо равем,” -- афзуд ҳамсари яке аз муҳоҷирони афғон.

ВКД: Ҷарима бастем, вале ихроҷ накардем

Мақомот то ҳол шарҳ надодаанд, ки сабаби ихроҷи муҳоҷирони афғон чист. Дар дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, аз оғози сол нисбати 32 шаҳрванди Афғонистон барои вайрон кардани қоидаи будубош санад тартиб додаанд. «Онҳо ихроҷ нашуда, танҳо ҷарима шудаанд,» - гуфтанд дар дафтари матбуоти ВКД.

Масъулони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ то ҳол берун кардани муҳоҷирони афғонро шарҳ надодаанд. Кӯшишҳои мо барои суҳбат бо муҳоҷирони афғон, ки ҳафтаи охир аз Тоҷикистон ихроҷ шудаанд, бенатиҷа буд.

Радиои Озодӣ сабти садои як зани афғонро ба даст овард, ки иддао дорад, ду рӯз пеш ба Афғонистон ихроҷ шудааст. Ин зан, ки номаш маълум нест, аз муҳоҷирони афғон дар Тоҷикистон хостааст, "мутаваҷҷеҳи гаштугузори худ бошанд".

“Ба мо гуфтанд, ки Шуморо ба Душанбе мебарем ва моро мустақим ба марз оварданд. Ҳамаатон мутаваҷҷеҳ бошед, агар касе аз хонаводаатон кор мекунад, ӯро ба кор рафтан намонед. Дар Душанбе гаштугузор накунед,” -- мегӯяд ин зани афғон. Тасдиқи дурустии ин иддао феълан имконпазир нест.

Ин зани афғон дар сабти садо ҳамчунин гуфт, ҳамроҳи ӯ ду муҳоҷири дигари афғонро аз Тоҷикистон рондаанд, ки «яке аз онҳо корти паноҳандагӣ дошт».

"Аз тарси Толибон гурехтем"

Хабари ихроҷи гуруҳе аз муҳоҷирони афғон дигар паноҳандагонро нигарон кардааст. Чанде аз гурезаҳои афғон дар Фейсбук навиштаанд, аз тарси ихроҷ нашудан аз хона берун намешаванд.

Масъули яке аз созмонҳои кор бо муҳоҷирон аз он нигаронӣ кард, ки ихроҷ кардани гурезагон аз рӯи санадҳои байнулмилалӣ манъ аст. “Бар асоси моддаи 33-и Конвенсия дар бораи гурезагон ихроҷи гурезаҳо ё баргардондани онҳо ба кишваре, ки ҳаёташон онҷо дар хатар аст, манъ аст,” -- афзуд ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш фош шавад.

Тоҷикистон мизбони беш аз 10 ҳазор муҳоҷир аз Афғонистон аст. Паноҳандагон мегӯянд, барои ҳамеша ба Тоҷикистон наомадаанд ва талош мекунанд, ба Канада ё ягон кишвари аврупоӣ раванд. Дар як соли охир наздик ба 4 ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ ба кишвари сеюм рафтаанд.

Ихроҷи муҳоҷирони афғон дар ҳолест, ки як сол боз гуруҳи Толибон дар Афғонистон ҳукумат мекунад. Бисёре аз паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон мегӯянд, аз тарси ин гуруҳ аз ватани худ гурехтаанд ва агар баргарданд, ҷонашон дар хатар аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG