Дар рӯзи сеюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё (Asian Senior Championships 2022), ки 6-уми август дар пойтахти Қазоқистон – Нурсултон – баргузор шуд, паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов медали нуқра ба даст овард.
Ӯ дар вазни беш аз 100 кило ба рақобат аз даври чорякниҳоӣ пардохт ва Бекмурод Олтибоеви узбекистониро мағлуб кард. Темур дар даври ниманиҳоӣ намояндаи дигари Узбекистон Шоҳрух Бахтиёровро шикаст дод ва ба финал роҳ ёфт.
Раҳимов дар даври ниҳоӣ бо Кокоро Кагеура, гуштигири номдор аз Ҷопон, ки қаҳрамони феълии ҷаҳон мебошад, вориди рақобат шуд. Набарди шадид дар замони изофа бо пирӯзии варзишгари ҷопонӣ ба поён расид.
Медали нуқра ба Темур Раҳимов 490 имтиёз овард ва шумораи умумии имтиёзҳояш ба 3985 расид. Бо чунин натиҷа паҳлавони тоҷик дар радабандии IJF (Федератсияи байналмилалии ҷудо) дар вазни +100 кг садрнишин хоҳад шуд.
Дар рӯзи сеюми қаҳрамонии Осиё дар Нурсултон, инчунин Тоҷикистонро Ҷаҳонгир Маҷидов, Комроншоҳи Устопириён (ҳарду дар вазни то 90 кг) ва Абубакри Акобир (-100кг) муаррифӣ карданд.
Ҷаҳонгир Маҷидов дар нахустин рақобати худ аз Карамноб Сагаипов (Лубнон) шикаст хӯрд ва аз идомаи сабқат маҳрум гашт.
Комроншоҳи Устопириён қувваозмоиро аз даври чорякниҳоӣ муқобили Ҳамза Дидор (Қазоқистон) шуруъ кард, ба нокомӣ мувоҷеҳ шуд. Паҳлавони маъруфи тоҷик дар даври тасаллобахш бар Си Ядонг аз Чин дастболо шуд, вале дар мубориза барои медали биринҷӣ аз Гантулга Алтанбагана (Муғулистон) мағлуб гардид. Ҳамин тариқ, Комроншоҳ мақоми 5-умро соҳиб шуд.
Намояндаи дигари Тоҷикистон Абубакри Акобир дар даври аввал Ли Йи Ҳсян, варзишгари Тайпейи Чинро шикаст дод, вале дар чорякфинал аз Отабек Турабоев (Узбекистон) ноком шуд. Дар даври тасаллобахш бар Алманбет Мамазоиров (Қирғизистон) ғолиб омад. Абубакр дар мубориза барои медали биринҷӣ аз Нурлихон Шерхон (Қазоқистон) шикаст хӯрд. Дар натиҷа Абубакр дар ҷойгоҳи панҷум қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, дар рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Нурсултон – 5-уми август - варзишгарони тоҷик ду медал – як медали нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварда буданд.
Шодмон Ризоев дар вазни то 81 кило медали нуқра гирифт. Ӯ нахуст Чуанг Шанг Чинро аз Тайпеи Чин, баъдан Владимир Золоев ва Асад Масобиров, ҳарду аз Қирғизистонро шикаст дод ва ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Вале Шодмон дар финал аз Такеши Сасакии ҷопонӣ мағлуб шуда, мақоми дуюмро касб кард.
Сомон Маҳмадбеков, ки аз ин пеш дар вазни то 73 кило ҳунарнамоӣ мекард, ин дафъа дар вазни то 81 кило рақобат намуда, барандаи медали биринҷии қаҳрамонии Осиё шуд. Ӯ дар даври 1/8-ниҳоӣ бар Рамазон Аллабердиеви узбекистонӣ дастболо гардид. Вале дар чорякфинал аз Такеши Сасакии ҷопонӣ ноком шуд. Сомон дар даври тасаллобахш ҷудокори муғул Эрденбайар Батзайаро шикаст дод ва барои гирифтани медали биринҷӣ бар Асад Масобирови қирғиз ғолиб омад.
Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило дар даври 1/8-ниҳоӣ Юнлонг Гоуро аз Чин мағлуб карда, дар даври чорякниҳоӣ аз ҷудокори қазоқ Дониёр Шамшаев ноком шуд. Ӯ дар даври тасаллобахш Накано Кейсейои филиппиниро шикаст дод, вале барои ба даст овардани медали биринҷӣ аз Обидхон Нуъмонови узбекистонӣ мағлуб гашт. Ҳамин тавр, Беҳрӯзи Хоҷазода мақоми 5-умро азони худ кард.
Дар рӯзи аввали мусобиқот – 4-уми август - Шаҳбоз Саидаброров дар вазни то 66 кило рақобат кард. Ӯ Нитин Ҷуҳани ҳиндустониро мағлуб карда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт, вале дар ин давр аз ҷудокори ҷопонӣ Риёма Танакаи ҷопонӣ шикаст хӯрд. Шаҳбоз дар даври тасаллобахш аз Эрхембаяр Баттогтохи муғул мағлуб гардид ва имкони ба даст овардани медали биринҷиро аз даст дод. Дар натиҷа Шаҳбоз Саидаброров мақоми ҳафтумро соҳиб шуд.
Бояд зикр намуд, Муҳаммад Маҳмадизода, гуштигири тоҷик, ки дар вазни то 60 кило номнавис шуда буд, бинобар доштани вазни изофӣ ба сабқат роҳ дода нашуд.
Варзишгарон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Нурсултон имтиёзҳои олимпиро барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 касб карданд. Барои мақоми аввал 700 имтиёз, мақоми дувум - 490 имтиёз ва ҷойҳои севум – 350-имтиёзӣ дода шуд.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Нурсултон 168 варзишгар (97 мард ва 71 зан) аз 17 кишвар иштирок дорад. Варзишгарон дар рақобатҳои инфиродӣ барои 14 маҷмуи медалҳо (7 вазн миёни мардон, 7 вазн миёни занон) талош карданд.
Дар рӯзи охирини мусобиқот – 7-уми август - рақобатҳои дастаӣ сурат мегирад, вале мунтахаби Тоҷикистон бо сабаби нопурра будани ҳайат дар он иштирок намекунад.
Баъди анҷоми рақобатҳои инфиродӣ дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 9 медали тилло ва 3 нуқра мақоми аввалро соҳиб шуд. Ҷои дуюмро мунтахаби Муғулистон (2 тилло, 5 биринҷӣ) ва мақоми сеюмро мунтахаби Узбекистон (1 тилло, 2 нуқра ва 6 биринҷӣ) азони худ карданд. Мунтахаби Тоҷикистон бо касби 2 медали нуқра ва 1 биринҷӣ ҳаштум шуд.
Ёдовар мешавем, соли 2021 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнус дар Бишкек ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон се зан ва ҳашт мард дохил буданд. Аз байни онҳо се нафар медал гирифтанд.
Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кило медали нуқра ба даст овард. Ду паҳлавони дигари тоҷик – Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило ва Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.
Ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ
Мардон
-60 кг
1) НАГАЯМА Риуҷу (Ҷопон)
2) КИМ Вон Ҷин (Кореяи Ҷанубӣ)
3) ШАМШАДИН Магжан (Қазоқистон)
3) САГИНАЛИЕВ Чингизхон (Қирғизистон)
5) ЯНГ Юнг Вей (Тайпейи Чин)
-66 кг
1) ЁНДОНПЕРЕНЛЕИ Баскҳуу (Муғулистон)
2) ТАНАКА Риёма (Ҷопон)
3) БАТТОГТОХ Эрхембаяр (Муғулистон)
3) ТИЛАВОВ Муҳриддин (Узбекистон)
7) САИДАБРОРОВ Шаҳбоз (Tоҷикистон)
-73 кг
1) ШАМШАЕВ Дониёр (Қазоқистон)
2) ЮЛДОШЕВ Муродҷон (Узбекистон)
3) НУЪМОНОВ Обидхон (Узбекистон)
3) САГИНАЛИЕВ Чингизхон (Қирғизистон)
5) ХОҶАЗОДА Беҳрӯз (Tоҷикистон)
5) ТУРДИБОЕВ Эртур (Қирғизистон)
-81 кг
1) САСАКИ Такеши (Ҷопон)
2) РИЗОЕВ ШОДМОН (Tоҷикистон)
3) МАҲМАДБЕКОВ СОМОН (Tоҷикистон)
3) ТАТАЛАШВИЛИ Нугзари (Имороти Муттаҳидаи Араб)
-90 кг
1) МУРАО Санширо (Ҷопон)
2) ШЕРОВ Ерлан (Қирғизистон)
3) ҲАМЗА Дидор (Қазоқистон)
3) ГАНТУЛГА Алтанбагана (Mуғулистон)
5) ГРИГОРЯН Арам (Имороти Муттаҳидаи Араб)
5) УСТОПИРИЁН Комроншоҳ (Tоҷикистон)
-100 кг
1) КОСТОЕВ Ҷаъфар (Имороти Муттаҳидаи Араб)
2) БОЗБОЕВ Ислом (Қазоқистон)
3) БАТХУЯГ Гончигсурен (Mуғулистон)
3) ШАРХОН Нурлихон (Қазоқистон)
5) ТУРАБОЕВ Отабек (Узбекистон)
5) АБУБАКРИ Акобир (Tоҷикистон)
+100 кг
1) КАГЕУРА Кокоро (Ҷопон)
2) РАҲИМОВ Темур (Tоҷикистон)
3) ОЛТИБОЕВ Бекмурод (Узбекистон)
3) БАХТИЁРОВ Шоҳрух (Узбекистон)
Гуфтугӯ