Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонии CAFA-2022 миёни ҷавонони то 19-сола дар Душанбе бо иштироки 5 даста доир мешавад


Дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA (Созмони футболи Осиёи Марказӣ)-2022 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола, ки шоми имрӯз дар Душанбе оғоз меёбад, панҷ тими мунтахаб аз Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон ширкат меварзанд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола дар Душанбе аз 5-ум то 12-уми август доир мегардад. Тибқи дастури мусобиқот ҳар як даста бо рақибони худ дар як давра бозӣ мекунад. Дастаи ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бештари бадастоварда муайян хоҳад шуд.

Дар доираи мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола даҳ бозӣ анҷом дода мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мегарданд.

Аҳлиддин Турдиев, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19), дар нишасти матбуотӣ, ки рӯзи 4-уми август доир гардид, гуфт, қаҳрамонии CAFA-2022 дар Душанбе марҳилаи муҳими омодагии даста ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 мебошад, ки моҳи сентябри имсол дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ӯ афзуд, "рақибони мо дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дастаҳои мунтахаби Лубнон, Сингапур ва Камбоҷа мебошанд. Мо дар қаҳрамонии CAFA-2022 дар Душанбе бо дастаҳои хеле хуби Эрон, Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон бозӣ мекунем. Вале, мутаассифона, дар ин мусобиқа якчанд бозигари калидӣ – Ҳамадонӣ Камолов, Алиҷони Айнӣ, Хусрав Тоиров, Абдулфаттоҳ Худойдозода ва Меҳрубон Каримов – иштирок намекунанд. Аммо мо дар бозиҳои муҳими интихобии қаҳрамонии қора ба онҳо умед мебандем. Вазифаи мо дар қаҳрамонии CAFA-2022 дар ҳар як бозӣ ғалаба карда, бозии хуб нишон додан ва ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 ҳамаҷониба омода шудан аст".

Мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола дар Душанбе

Иштироккунандагон: Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Эрон

Даври 1-ум

5-уми август (ҷумъа)

18:00 – Узбекистон – Эрон

21:00 – Қирғизистон – Афғонистон

Даври 2-юм

6-уми август (шанбе)

18:00 – Қирғизистон – Узбекистон

21:00 – Афғонистон – Тоҷикистон

Даври 3-юм

8-уми август (душанбе)

18:00 – Эрон – Афғонистон

21:00Тоҷикистон – Қирғизистон

Даври 4-ум

10-уми август (чоршанбе)

18:00 – Эрон – Қирғизистон

21:00 – Узбекистон – Тоҷикистон

Даври 5-ум

12-уми август (ҷумъа)

18:00 – Афғонистон – Узбекистон

21:00Тоҷикистон – Эрон

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG