Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё бо ширкати варзишгарони тоҷик дар Қазоқистон оғоз шуд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё (Asian Senior Championships 2022), ки имрӯз, 4-уми август, дар пойтахти Қазоқистон – Нурсултон – оғоз ёфт, Тоҷикистонро 9 варзишгар дар рақобатҳо миёни мардон намояндагӣ мекунад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Муҳаммад Маҳмадизода (60 кг), Шаҳбоз Саидаброров (66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода, (73 кг), Шодмон Ризоев (81 кг), Сомон Маҳмадбеков (81 кг), Комроншоҳи Устопириён (90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (90 кг), Абубакри Акобир (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) – дохиланд.

Сомон Маҳмадбеков, ки қаблан дар вазни то 73 кило ҳунармоӣ мекард, дараҷаи вазни худро иваз намуд. Ҳамакнун ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 81 кило иштирок мекунад.

Варзишгарон дар ин мусобиқоти қитъавӣ имкони касби имтиёзҳои олимпиро барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 доранд. Барои мақоми аввал 700 имтиёз, мақоми дувум - 490 имтиёз ва ҷойҳои севум – 350-имтиёзӣ дода мешавад.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Нурсултон 168 варзишгар (97 мард ва 71 зан) аз 17 кишвар иштирок дорад. Варзишгарон барои 15 маҷмуи медалҳо (7 вазн миёни мардон, 7 вазн миёни занон ва рақобатҳои дастаӣ) талош хоҳанд кард.

Баъди анҷоми рақобатҳои инфиродӣ, дар рӯзи охирини мусобиқот рақобатҳои дастаӣ сурат мегирад, вале дастаи Тоҷикистон бо сабаби нопурра будани ҳайат дар он иштирок намекунад.

Мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё-2022

Барномаи мусобиқот

4-уми август (панҷшанбе)

Мардон: то 60 кг, то 66 кг
Занон: то 48 кг, то 52 кг, то 57 кг

10:00 - рақобатҳои интихобӣ

16:00 - рақобатҳои ниҳоӣ

5-уми август (ҷумъа)

Мардон: то 73 кг, то 81 кг
Занон: то 63 кг, то 70 кг

10:00 - рақобатҳои интихобӣ

16:00 - рақобатҳои ниҳоӣ

6-уми август (шанбе)

Мардон: то 90 кг, то 100 кг, +100 кг
Занон: то 78 кг, +78 кг

10:00 - рақобатҳои интихобӣ

16:00 - рақобатҳои ниҳоӣ

7-уми август (якшанбе)

Мусобиқаи дастаӣ

Мардон: то 73 кг, то 90 кг, +90 кг
Занон: то 57 кг, то 70 кг, +70 кг

10:00 - рақобатҳои интихобӣ

15:00 - рақобатҳои ниҳоӣ

Эзоҳ: замони оғози рақобатҳо - бо вақти Душанбе

Ёдовар мешавем, соли 2021 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнус дар Бишкек ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон се зан ва ҳашт мард дохил буданд. Аз байни онҳо се нафар медал гирифтанд.

Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кило медали нуқра ба даст овард. Ду паҳлавони дигари тоҷик – Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило ва Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар Бишкек варзишгарони 11 кишвар барандагони медалҳои мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ва Уқёнус гардиданд. Намояндагони панҷ кишвар – Кореяи Ҷанубӣ, Узбекистон, Чин, Ҷопон ва Қирғизистон – ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG