Номи баъзе аз шаҳрвандон ва зодагони Тоҷикистон дар соли 2024 ба далели чанд ҳодиса дар сархати расонаҳои ҷаҳон қарор гирифт. Аз ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав гирифта то афтодани як мусофирбар ба дарёи Санкт-Петербург. Биноан, ҳар дафъае, ки дар бораи таркишу садама, куштор ва ё ҳодисаҳои дигари нохуш дар дунё хабар мерасид, баъзе аз корбарони тоҷикистонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ менавиштанд, ки "эй Худоҷон, кош, тоҷик набошад!"
Ҳамлаи маргбор
Ҳамлаи хунин ба толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” дар наздикии шаҳри Маскав шаби 22-юми марти соли 2024 иттифоқ уфтод. Мақомоти қудратии Русия зиёда аз 20 нафар, асосан зодагони Тоҷикистонро бо гумони тарҳрезӣ, иҷро ва ёрӣ дар ин ҳамла боздошт карданд, вале то имрӯз шубҳаву суолҳо мондааст. Як далеле, ки ҳомиёни ҳуқуқ онро пайваста ёдрас мекунанд, иқрори гумонбарон таҳти шиканҷаи сангин мебошад. Баъзе аз гумонзадҳо худро бегуноҳ дониста, хоҳони бозбинии парванда шуданд, вале посухи рад гирифтанд.
Ҳарчанд муносибати дағал, санҷишҳои пайиҳам, маъракаҳои иттилоотии зидди муҳоҷирон дар Русия то моҳи марти соли 2024 ҷой дошт, баъд аз он бештар шуд. Наворҳои зиёде аз амалиёти нерӯҳои вижаи Русия, латукӯб, муносибати бераҳмона, боздошт ва ихроҷи муҳоҷирон барои 40 солу 50 сол дар шабакаҳои иҷтимоӣ то ҳол нашр мешаванд.
Тасодуфи мусофирбар
Автобусе бо бист мусофир рӯзи 10-уми майи соли 2024 дар дарёи Санкт-Петергбург афтод. Ҳафт кас ҷон бохт. Ронандаи 44-сола Раҳматшоҳ Қурбонов аз Тоҷикистон аст ва ҳамзамон шаҳрвандиии Русияро дорад. Ӯро шаш сол аз озодӣ маҳрум карданд.
Қурбонов дар додгоҳ гуфт, “тормоз”-и мусофирбар мушкил дошт ва аз наздикони қурбониён маъзарат хост. Вай ҳамчунин кори тӯлонӣ ва хастагиро аз иллатҳои дигари тасодуф донист. Расонаҳои Русия ҳангоми бозтоби хабар ҳамвора ба миллати ронанда ва муҳоҷир будани вай ишора мекарданд.
Гаравгонгирӣ дар зиндон
Гаравгонгирӣ дар зиндони Волгоград рӯзи 23-юми август рух дод. Мақомоти Русия гуфтанд, се шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Узбекистон 12 кас, аз ҷумла 8 маъмури зиндонро гаравгон гирифта, бархеро куштанд.
Шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистон, бино ба наворҳое, ки нашр шуд, худро “муҷоҳид”-и гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” номидаанд. Онҳо аз сӯи нерӯҳои амниятии Русия ҳамон рӯз кушта шуданд.
Навор дар Инстаграм:
Чораҳои Русия
Маҳз дар соли 2024 Думаи давлатии Русия даҳҳо қарору қонунро қабул кард, ки ба истилоҳ зидди муҳоҷирон равона шуда буданд. Сода кардани ихроҷи муҳоҷирон, сахттар кардани имтиҳони забони русӣ ва маҳдуд кардани қабули фарзандони муҳоҷирон ба мактабҳои Русия аз ҷумлаи онҳост.
Дар соли 2024 ҳамчунин созмонҳои миллатгарое ба монанди “Русская обшина” фаъол шуда, якҷоя бо мақомоти қудратии Русия алайҳи муҳоҷирон амалиёт гузарониданд. Баъзе аз фаъолону сиёсатмадорон талаб карданд, ки нисбати муҳоҷирон маҳдудиятҳои бештар ва бо Тоҷикистону Узбекистон низоми раводид ё виза ҷорӣ карда шавад.
Вокуниши мансабдорони тоҷик
Чанд мансабдори Тоҷикистон дар ин сол ба рафтори мақомоти Русия вокуниш карданд. Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири кору муҳоҷират гуфт, аз сахтгирии мақомоти Русия “мардуми одӣ азият мекашанд, онҳое, ки дар воқеъ барои кор кардан омада, содиқона дар асоси патент ё иҷозатнома кор мекунанд”.
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон гуфт, “моро равандаи ҳамаҷонибаи поймолшавии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони мо ба ҳангоми баргузории маъракаҳои вобаста ба танзими муҳоҷират дар ташвиш гузоштааст. Ҳодисаҳои ба кишвар роҳ надодан, манъи вуруд ва ихроҷи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баҳонаи васеву номушаххаси таъмини амният азфоиш меёбанд”.
Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба ҳамтои русаш Татяна Москалкова нома навишт, ки "кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ аз усулҳои мамнӯи муомила, аз қабили дағалӣ, латукӯб ва таҳқир истифода мекунанд."
Посухи мақомоти Русия ба ин изҳорот маълум нест ё ҳадди ақал ба таври оммавӣ нашру пахш нашудааст.
Қурби рубл
Дар баробари монеаҳо ва мушкилҳои ҳуқуқӣ, муҳоҷиронро болову пойин шудани қурби рубли Русия дар соли 2024 низ нигарон кард. Ибтидои сол 1000 рубл ба 121 сомонӣ баробар буд. Дар охири сол ин рақам ба 108 сомонӣ ва гоҳе аз он поинтар расид.
Мақомоти Русия мегӯянд, дар умум 6 миллион муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Русия кор мекунанд. Бино ба ҳисобҳои ниҳодҳои Русия, теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон тақрибан ду миллион нафар аст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ин омор дуруст нест. Ду сол пеш президенти Тоҷикистон гуфта буд, ки танҳо 600 ҳазор нафар барои кор ба Русия мераванд.
Видео дар Фейсбук: