Дар шаҳре, ки номи президенти собиқи Қазоқистонро дорад, дар 20 соли охир садҳо бинои нав бунёд шудааст. Дар баробари сохтмонҳои нав, ки бо пули давлат қомат афрохтанд, хонаҳои хеле гаронарзиш низ сохта шуданд. Вале ин қасру хонаҳои боҳашамат зуд ба моликияти шахсии хешовандони президенти собиқ табдил ёфтанд.
Соли 2004, пас аз анҷоми сохтмони Оқ-орда ё қароргоҳи президенти Қазоқистон дар лаби дарёи Есил як ҷазираи сунъие бунёд карда шуд. Расман он ҷазираи сабз ном дорад. Масоҳати умумияш тақрибан 12 гектар аст.
Ҷазира, Оқ-орда ва қароргоҳи президентро як роҳи махсус ба ҳам мепайвандад. Шоҳидон мегӯянд, ин минтақа зери назорати сахт аст.
Ҷазираи сунъӣ аз 5 бахш иборат аст. Бузургтарин қасрро дар ин ҷо соли 2007 ба Назарбоев тӯҳфа кардаанд. Маълум нест, ки ҳоло президенти пешин дар он зиндагӣ мекунад ё не.
Маҷмаа майдони фуруди чархбол, теннис ва чанд иншооти дигар дорад. Нурсултон Назарбоев баъд аз ҳодисаҳои моҳи январи имсол дар Қазоқистон яке аз қасрҳоро ба номи писари 17-солааш кард. Ба навиштаи расонаҳо, Тауман Нурсултон, писари ӯ аз ҳамсари сеюмаш аст. Қасри дувум аз “Бунёди Элбасӣ” аст.
Хона ва се гектар замин ба номи писари дигари ӯ, Байкен Нурсултон, сабт шудааст. Атрофи се иқоматгоҳро бо девор печондаанд. Беш аз се гектар замини ин ҷазира дар ихтиёри дастгоҳи президент аст.
Дар санадҳои расмӣ ин қисмати заминро чун қароргоҳи президент сабт кардаанд. Дар дастгоҳи президенти Қазоқистон гуфтанд, ки ҷазираи сунъӣ ба онҳо рабт надорад. Қисмати боқимондаи ҷазира, ба оилаи бародари хурдии президенти собиқ Болат Назарбоев мутааллиқ аст. Пас аз рӯйдодҳои моҳи январи имсол ӯ низ заминро ба писару духтараш Нурбол ва Қундуз Назарбоевҳо тақсим кард.
Ҳанӯз замоне ки сохтмони “Ҷазираи сабз” шуруъ шуд, дар паҳлӯи он як иморати бузурге бунёд ва атрофи онро ободу муҷаҳҳаз намуданд. Тибқи асноди расмии 7 сол пеш ин минтақа моли давлат буда, қароргоҳи президенти Қазоқистон буд ва “Нура” ном дошт. Ҳоло ин қароргоҳ ҳам чун моликияти шахсии Назарбоев сабт шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар ин маҳалла аз соли 2010 авҷ гирифт. Як шаҳри “вип” иборат аз хонаҳои зебову боҳашамат бунёд шуд, ки паҳлӯи ҳам ҷой гирифтаанд.
Яке аз ин қасрҳо ҳам аз хоҳарзодаи президенти пешин, Кайрат Сатибалди аст. Ӯ ҳоло дар зиндон қарор дорад. Қасри ӯ дар масоҳати беш аз 31 ҳазор метри мураббаъ сохта шудааст.
Таҳқиқоти Радиои Озодӣ маълум кард, ки ин иморат аз соли гузашта ба номи Исмоил, писари 18-солаи Кайрат, гузаронида шудааст.
Дар рӯ ба рӯи он боз як қасри дигаре қомат афрохтааст, ки ба номи бибии Исмоил ва модари Кайрат, Светлана Назарбоева, сабт шудааст. Ба ин тартиб хонаи саввум дар ин кӯча аз духтари хурдии Нурсултон Назарбоев, Алия Назарбоева ва шавҳари ӯ аст.
Дар қисмати дигари Ҷазираи сабз, дар тарафи рости соҳили дарёи Есил як қасри бузурги дигаре бунёд шудааст. Пештар дар ин замин истироҳатгоҳҳо буданд, ҳоло дар ҷойи онҳо қасри саввуми оилаи Назарбоев сохта мешавад.
Ин се қаср ва ҳудуди 20 гектар замин ба Тимур Қулибоев, яке аз домодҳои раисиҷумҳури собиқ тааллуқ дорад. Вай ин дороиҳоро ба воситаи ширкати “Кипрос” соҳиб шуд.
Дар ҳамсоягии онҳо ҳам шахсони оддӣ зиндагӣ намекунанд. Яке аз ҳамсояҳо Рашид Тусупбеков аст, ки солҳои дароз додситони кулли Қазоқистон буд. Ҳамсояи дигар, нахуствазири собиқ Серик Аҳматов аст. Ӯ чандин сол дар зиндон буд.
Ба ин тартиб, дар пойтахти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва наздикони ӯ даҳҳо қасру хонаҳои муҳташам ва 200 гектар заминро соҳиб шудаанд. Дар қонун дар бораи раисиҷумҳури аввал гуфта мешавад, ки пас аз истеъфо ӯ ба манзили хидматӣ ва истироҳатгоҳ ҳақ дорад. Аммо як қисми ин амволи давлатӣ ҳанӯз то 19-уми марти соли 2019 ба номи оилаи президенти собиқ гузаронда шудааст.
Ҳангоми таҳқиқи ин мавзуъ, бахши қазоқии Радиои Озодӣ бо дархости расмӣ ба дафтари Нурсултон Назарбоев ва Бунёди Болат Назарбоев муроҷиат кард ва хост, ба ин суол посух бигирад, ки чӣ тавр амволи давлат ва қароргоҳҳои президент ба моликияти шахсии онҳо табдил ёфт? Посухи дақиқ пешниҳод нашуд.
Қаблан Радиои Озодӣ дар таҳқиқоте қасру кушк ва дороиҳои дигари президенти собиқро дар шаҳрҳои дигари Қазоқистон, ба мисли Алмато ва кишварҳои дигар, аз ҷумла Бритониё, Амрико ва Фаронса ошкор кардааст.