Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев: “Киштӣ харидед, дар кишварҳои дигар қаср доред. Бас аст.”


Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев

Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон, рӯзи 6-уми декабр дар шаҳри Остона дар гуфтугӯе бахшида ба Рӯзи саноат аз ширкатҳои қазоқӣ даъват кард, пеш аз онки сармояашон нобуд шавад, онро аз хориҷ ба кишвар баргардонанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир "18 ширкати ватанӣ 12,5 миллиард долларашонро дар хориҷа нигаҳ медоранд". "Ин маблағҳо метавонистанд ба иқтисоди мо кумак кунанд, дар Қазоқистон гардиш намоянд", - гуфт Назарбоев.

"Дар шароити кунунӣ, дар чунин ҳолати тағйирёбии қонунҳо, шумо маблағҳоеро, ки дар хориҷ нигаҳ медоред, аз даст хоҳед дод. Оё намебинед, ки дар шароити таҳримӣ касе ба шумо кумак карда наметавонад. Пулҳоятонро баргардонед ва дар Қазоқистон нигаҳ доред. Чӣ гуна кафолат бароятон лозим аст - қонун, фармон? Ман онро иҷро мекунам. Бо ихтиёри худ барнамегардонед, мо бармегардонем - баъд наранҷед", - афзуд Назарбоев.

Вай дақиқ нагуфт, ки гап дар бораи кадом пулҳо меравад, вале ишора кард, ки "бас аст айш кардан, аз худ рафтед. Бас аст, киштӣ харидед, дар кишварҳои дигар қасру хона доред. Мо ҳанӯз касеро тафтиш накардем, хостем фурсат диҳем, ки сарватманд шавед. Вале фаромӯш накунед, ки ҳамаи инро ба шумо ватан дод. Агар сарвазир даст ба кор нашавад, ман шахсан ин масъаларо ҳал мекунам", - гуфт вай.

Ин ҳарфҳои Назарбоев дар ҳоле садо медиҳанд, ки моҳи гузашта Эътилофи байналхалқии рӯзноманигорони пажуҳишгар ва Маркази пажуҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта таҳқиқотеро бо номи "Парвандаи биҳишт" нашр ва 13,4 миллион ҳуҷҷати ширкатҳои офшориро расонаӣ карданд. Дар рӯйхати соҳибони офшорҳо чанд сокини Қазоқистон низ зикр шудаанд

XS
SM
MD
LG