Қирғизистон мехоҳад, ҳудуди 25 гектар заминро дар шаҳри Бишкек ба Русия барои 49 сол ба иҷора диҳад.
Кумитаи умури байналмилалӣ, дифоъ, амният ва муҳоҷирати порлумони Қирғизистон рӯзи 13-уми июн дар ин бора созишномаеро ба имзо расондааст.
Ба гуфтаи Мирлан Боқиров, раиси Хазинаи идораи амволи давлатии Қирғизистон, дар созишнома сухан дар бораи ду мавзеъ дар хиёбони Жибек-Ҷолу ва кӯчаи Керимбеков меравад, ки ба ширкати "Глобал Инвест" тааллуқ доранд.
Дар он мавзеъҳо барои Хадамоти федеролии марзбонии Русия биноҳо ва иншооти дигар сохта шудааст ва ҳоло ҷониби Русия хоҳони қонунигардонии ин иншоот мебошад.
"Онҳо бо шахсони алоҳида шартнома баста, иншоотро хариданд. Қирғизистон дар навбати худ онҳоро сабти ном карда, ба онҳо мақоми давлатӣ ва заминро ба иҷораи дарозмуддат медиҳад. Амвол ба моликияти хусусии Русия табдил хоҳад ёфт”, - шарҳ додааст ӯ.
Вакили порлумони Қирғизистон Чолпон Султонбеков дар ҷаласа қайд кардааст, ки додани амволи ғайриманқули кишвар ба низомиёни як давлати хориҷӣ хатарҳоеро дар пай хоҳад дошт.