Қатораҳои мусофирбар миёни Узбекистону Русия шуруъ аз 23 июн ба гардиш медароянд. Пештар аз ин гуфта мешуд, ки гардиши қатораҳо аз 14-уми июн ба роҳ монда мешавад.
Дар марҳилаи аввал, ба иттилои расмӣ, шуруъ аз 23 июн қатораи масири "Тошканд - Самара" ҳафтае як маротиба ва аз 25 июн қатораи масири "Тошканд - Волгоград" низ ҳафтае як маротиба ба роҳ монда мешавад.
Акнун барои вуруд ба Русия ташхиси коронавирус ё шаҳодатномаи воксингирӣ зарурат надорад. Шаҳрвандони Узбекистон метавонанд, бидуни ин санадҳо вориди Русия шаванд.
Русия ҳамаи маҳдудиятҳои вуруди шаҳрвандони Узбекистонро ба қаламраваш аз 14 июн бекор мекунад.