Ҷанги Русия дар Украина тоҷикону тоҷикистониёнро дар ду ҷабҳа қарор додааст ва бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки мардум ба гуруҳи тарафдорон ва мухолифони ҷанг тақсим шудаанд.
Гуруҳе мегӯянд, кори Русия дуруст аст ва гуруҳи дигар бар инанд, ки Русия бо таҷовуз ба қаламрави Украина тамоми қонунҳои байналмилалиро зери по кард. Баъзе мепурсанд, магар чунин рӯз ба сари кишварҳои дигари пасошӯравӣ низ омада наметавонад. Оё чунин ҳаст, ё нест? Дар барномаи ин ҳафтаи Гапи озод Маҳдӣ Собир, коршиноси масоили ҳарбӣ ва амниятӣ ва шаҳрванди Русия ва Алим Шерзамонов, сиёстмадор, муовини раиси созмони дар Тоҷикистон мамнуи Паймони миллӣ даъват кардем.
Иқтибосҳое аз барномаро инҷо бихонед:
Маҳдӣ Собир: “Як нуктаро мехоҳам бигӯям, ки Амрико Иттиҳоди Шӯравиро барҳам зад. Дар ивази барҳам додани Иттиҳоди Шӯравӣ ба мардуми он чизе дода натавонист, баръакс кӯшиш кард, ки кишварҳои собиқи шӯравиро дар муқобили ҳам қарор диҳад. Агар Амрико мисли барномаи “Маршал” барномае месохт ва бо маблағгузории бештар ба кишварҳои собиқ шуравӣ кӯмак мерасонид, демократия дар ин кишварҳо рушд мекард ва кор ба инҷо кашида намешуд. Дар Русия 176 ҳазор квотаи корӣ барои муҳоҷирон аст, вале ҳудуди 3 миллион тоҷик кору зиндагӣ мекунад ва наздики 1 миллион нафар шаҳрвандии Русияро гирифтааст. Ва инҳо савганд хӯрдаанд, ки хиёнат намекунанд ва аз ин кишвар ҳимоят мекунанд.”
Алим Шерзамонов: «Бубинед бигузор русҳои патриот ва миллигарои Русия хурсанд шуда бошанд, ки Қрим ба Русия пайваст ва бигзор онҳо ҷонибдорӣ аз ҷумҳуриҳои худхондаи Луганск Донетск таҳти таблиғоти ҳукумати Русия дошта бошанд, бовар карда бошанд ва ин мафкураи истеъморзадаи тоҷикҳое аст, ки дар ин ҷабҳа қарор гирифтаанд. Аммо аз рӯзе, ки Маскав ба Украина ҳамларо сар кард, дигар ҷое барои ҷабҳагириро намебинам, зеро дар инҷо масъалаи башар ва аҳриман дар миён аст. Ва ин дигар як таҷовуз аст. Як кишвар ба кишвари дигар ҳамла кард ва ба хоки он таҷовуз кард. Ман комилан мухолифи ҳамлаи аҳримании Путин ба ин кишвар ҳастам.»
Маҳдӣ Собир: «Миллатгароҳои Украина фақат ташвиқ мекарданд ва аз моҳи феврали соли 2014 ба ин тараф ба таври оммавӣ зидди Русия ҳарф мезаданду русситезиро ташвиқ мекарданд.»
Алим Шерзамонов: «Аслан миллатгароӣ ба Украиниҳо ҳеҷ наздикӣ надорад ва дар ин кишвар ягон миллатгаро нест. Теъдоди кучаки русбадбин ҳаст. Дар Украина миллатгароӣ нест. Дар Русия вақте ки зиндагӣ мекардам, борҳо дучори миллатгароҳо шуда будам.»
Маҳдӣ Собир: «Ман ба ҳарфҳои бародар Шерзамонов розӣ нестам. Мо тоҷикон дар канори Русия метавонем рушд кунем, дар танҳоӣ ҳеч коре карда наметавонем. Чаро тоҷикҳо мехоҳанд, дар канори Русия бошанд, чунки дар муддати 30 сол аз ин кишвар манфиат диданд. Мо бо Русия тақрибан 200 сол муносибати муштарак дорем.»
Алим Шерзамонов: «Шумо мегӯед, ки Русия тоҷикҳоро мехӯронаду мепӯшонад? Ба сабаби ҳамин амали фашистии Путин дар зарфи як ё ду моҳи дигар тоҷикҳое, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, бекор мемонанд. Теъдоде аз хешовандони ман дар Русия ҳастанд ва аллакай вазъияташон бад шудааст.»