Ҷанги Русия бо Украина чанд хонавода дар Тоҷикистонро низ мотамзада кардааст.
Дар як моҳи ахир хабари фавти шаш шаҳрванди Тоҷикистон дар Украина, ки сарбози Русия буданд, расонаӣ шуд.
“Дар насибаш ҳамин будааст. Мегӯям, ки аз давлати Русия нону намак хӯрдем. Аз соли 1992 ба ин тараф. Мо нисбати давлати Русия ягон нафрат надорем. Марҳамат, агар ба воситаи ҳукумати Тоҷикистон бихоҳанд, бо ҳам меравем, хидмат мекунем.”
Ин ҳарфи Ёрмуҳаммад Саидов, сокини деҳаи Тудабоёни ноҳияи Ҳамадонӣ буд, ки дар бораи тақдири бародараш Саидакбар Саидов сухан мегуфт. Ҷасади бародарашро, ки дар сафи нерӯҳои Русия меҷангид, моҳи гузашта оварда, дар зодгоҳаш дафн карданд. Саидакбар танҳо набуд, ҳамроҳи ӯ тани беҷони Рамазон Муртазоев як ҳамдиёри 37-солаашро оварданд, ки ӯ низ дар Украина аз тарафи Русия меҷангид ва кушта шуд. Баҳси зиёде дар бораи ҳамин гузориши Радиои Озодӣ дар вебсайти мо ва шабакаҳои иҷтимоӣ идома дорад ва ҳамроҳ мебинем, ки корбарон дар бораи ширкати тоҷикон дар ҷанги Украина чӣ мегӯянд.
Аз шарҳи як корбаре оғоз мекунем, ки худро дар вебсайти Радиои Озодӣ “Қонун” муаррифӣ карда ва чунин навиштааст: “Мутобиқи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки шаҳрвандони мамлакат дар ҷангҳои мамлакатҳои бегона, мамнӯъ буда, шахсони иштирокчӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд.”
Айни суолро корбаре бо номи Ғариб дар миён гузошта ва пурсидааст, магар он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҷангҳои хориҷӣ ширкат мекунанд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида намешаванд. Ин гурӯҳе аз корбарон гуфтаанд, ки ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷанги Русия дар Украина кори хатост. Вале иддае гуфтаанд, азбаски Саидакбар Саидов ва Рамазон Муртазоев, шаҳрвандии Русияро доштанд, вазифадор будаанд, ки ба ҷанг бираванд. Корбаре бо номи “Ватандӯст” бо ҳамин мазмун шарҳеро гузоштааст, ки ҳамроҳ мехонем: “Касе, ки шаҳрвандии ягон кишварро соҳиб шудан мехоҳад, савганд мехӯрад, ки марзу бум ва аз мавқеъи ин кишвар ҳимоят мекунад. Пас дар рафтори ин шаҳрвандон ягон кори хато нест.”
Тарафдорони ин ақида ҳам кам нестанд ва гуфтаанд, азбаски тоҷикон ба қавли онҳо нону намаки Русияро бисёр мехӯранд, худашон довталабона ба ҷанг дар Украина рафтаанд ва ин ихтиёри худашон аст. Муҳоҷир ном корбаре ба ҳамин ақида аст, ки дар вебсайти мо чунин навиштааст: “Касе, ки аз Россия розӣ нест, наравед. Кӯрнамакӣ кори хуб нест. Россия шаҳрвандиашро ба ягон тоҷик маҷбур надодааст. Ин кори ихтиёрист. Шаҳрвандиро, ки гирифтед, вазифадор ҳастед, ки Россияро ҳифз кунед."
Гурӯҳи дигаре гуфтаанд, худи ширкат дар ин ҷанге, ки бедалел Русия дар Украина оғоз кард, хатои маҳз аст ва тоҷикон набояд дар он ширкат кунанд. Шарҳеро бо ҳамин мазмун Ғоибов дар саҳифаи мо дар Инстаграм гузоштааст: “Ба хотири паспорти русӣ, ё пул шуда, ҷони худро дар хатар намонед, чунки ба ҳама маълум аст, ки Русия гунаҳкор аст ва дар ин ҷанг Украина танҳо аз замини худ дифоъ дорад.”
Дар ин миён як нафар дар бораи сабабҳои дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия ҷангидани тоҷикон навиштааст, ки ба гуфтаи ӯ, пеш аз ҳама тангдастӣ аст. Корбаре, ки худро Мирзослав номидааст, дар вебсайти мо навиштааст, сабаби ҷангидани тоҷикон дар чӣ дар мамолики арабу Осиё ва Украинаву Русия камбизоатист.
Идомаи шарҳаш чунин аст: “Тоҷикҳои мо зиндагии хуб надоранд, чун ду танга нишон диҳӣ, худро ба оташ ҳам меафкананд. Аз ҳамватанонам хоҳиш мекунам, ки нимтаи нон роҳати ҷон, дар ватани худ ором нишинанд. Ба ҳар гапу чап ва ҷанҷолҳои миллатҳои дигар кордор нашаванд.”
Мирзослав дуруст мегӯяд, ё не. Назари худро ба мо нависед.
Видеоро инҷо тамошо кунед: