Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Сурия дар Дубай


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо раҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 шоми имрӯз, 1-уми июн, бо тими миллии Сурия бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Сурия ва Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб соати 19:45 ба вақти маҳаллӣ (20:45 ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

Зимнан, ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар ҷамъомад дар Дубай ҳамаи бозигарони даъватшуда пайвастанд. Ҳамагӣ 25 бозигар дар ихтиёри дастаи мунтахаб аст.

Рӯзи душанбе, 30-юми май, ба даста Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Зоир Ҷӯрабоев («Сурхон», Узбекистон), инчунин бозигарони бошгоҳи «Персеполис»-и Эрон - Ваҳдат Ҳанонов ва Манучеҳр Сафаров - ҳамроҳ шуданд.

Бояд гуфт, ки тибқи дастури FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол), дар бозии дӯстона муқобили мунтахаби Сурия ҳимоятгарон Манучеҳр Сафаров ва Ваҳдат Ҳанонов, ки дар «Ҷоми Наврӯз-2022» дар шаҳри Намангони Узбекистон дар бозӣ барои ҷои сеюм бо тими миллии Қирғизистон (1:0) корти сурх гирифтанд, иштирок намекунанд.

Инчунин дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон нимҳимоятгар Алишер Ҷалилов дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 8-ум то 14-уми июн дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор мешавад, ширкат варзида наметавонад. Зеро ӯ 23-юми май дар ҳайати бошгоҳи АГМК-и Узбекистон дар бозии сафарии Суперлигаи Узбекистон-2022 муқобили «Динамо»-и Самарқанд (2:1) ҷароҳат бардоштааст.

Ба ақидаи табиби дастаи мунтахаби Тоҷикистон Фаррух Авезов, муҳлати барқароршавии вазъи саломатии Алишер Ҷалилов якуним моҳро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Дубай ҷараён дорад. Баъди анҷоми ҷамъомад дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон сафар мекунад.

Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бо тимҳои миллии Мянмар (8-уми июн), Сингапур (11-уми июн) ва Қирғизистон (14-уми июн) бозӣ хоҳад кард.

Ҳамаи бозиҳои гурӯҳи «F» дар шакли мутамарказ дар шаҳри Бишкек баргузор мешаванд. Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 ёздаҳ даста шаш ғолиби гурӯҳ ва ҳамчунин панҷ дастае, ки бо натиҷаҳои хубтар дар ҷойҳои дуюм қарор мегиранд, роҳ меёбанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Сафармад Ғаффоров («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Персеполис», Эрон), Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Сиёвуш Асроров («Раҳматганҷ», Бангладеш), Зоир Ҷӯрабоев («Сурхон», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Алиҷон Кароматуллозода, Далер Имомназаров (ҳарду аз «Истиқлол»), Меҳрубон Каримов (СК «Пеликан», Туркия);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив-Пловдив», Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Амирбек Ҷӯрабоев («Юнайтед Сити», Филиппин), Комрон Турсунов («Черчилл Бразерс», Ҳиндустон), Муҳаммадҷон Раҳимов, Шаҳром Сулаймонов, Шервонӣ Мабатшоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Парвиз Боқӣ-Охунов («Хатлон»), Алиҷони Айнӣ («Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев («Мактаарал», Қазоқистон), Шаҳром Самиев («Торпедо-БелАЗ», Беларус), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).

Сармураббӣ Петр Сегрт (Хорватия).

XS
SM
MD
LG