Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2022 оғоз ёфт


Дар нахустин даври мусобиқаи Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2022, ки бо ширкати ҳашт даста рӯзҳои 28-29-уми май баргузор шуд, чаҳор бозӣ доир гардид.

Бозии марказии даври аввал миёни дастаҳои «Сипар»-и Хуҷанд ва «Соро компания»-и Душанбе бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.

Дар бозии дигар дастаи «Истиқлол»-и Душанбе тими «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшанро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард.

Дар ду бозии дигари даври аввал бошгоҳи «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ дастаи «Пойтахт»-ро бо ҳисоби 8:5 ва КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе дар меҳмонӣ тими «Самандар»-и Турсунзодаро бо ҳисоби 6:3 шикаст доданд.

Бозиҳои даври 2-юми мусобиқа рӯзҳои истироҳат баргузор мешавад: 4-уми июн (шанбе) - «Истаравшан» – «Пойтахт», КМВА – «Равшан», 5-уми июн (якшанбе) - «Соро компания» – «Самандар», «Истиқлол» – «Сипар».

Суперлигаи футзали Таджикистана-2022

Даври 1-ум

«Сипар» – «Соро компания» – 1:1

Голҳо: Парвиз Раҳматов, 22 (1:0). Муҳсин Муҳаммадзода, 23 (1:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Парвиз Раҳматов («Сипар»).

«Истиқлол» – «Истаравшан» – 1:0

Гол: Ҳайдар Абдуҷалил уулу, 39.

Беҳтарин бозигари дидор: Ҷамшед Файзиев («Истаравшан»).

«Самандар» – КМВА – 3:6

Голҳо: Меҳроб Раҳимов, 5 (0:1). Рамз Амрохонов, 11 (0:2). Шамсиддин Қосимов, 15 (0:3). Меҳроб Раҳимов, 20 (0:4). Холмурод Ҳамроев, 23 (1:4). Хайём Дарвешов, 27 (1:5). Фирдавс Тусматов, 30 (2:5). Холмурод Ҳамроев, 32 (3:5). Меҳроб Раҳимов, 40 (3:6).

Беҳтарин бозигари дидор: Рамз Амрохонов (КМВА).

«Равшан» – «Пойтахт» – 8:5

Голҳо: Алишери Музаффар, 2 (1:0). Қурбонмад Раҳимов, 10 (2:0). Хусрав Холиқназаров, 15 (2:1). Сомон Саидзода, 17 (2:2). Хусрав Холиқназаров, 19 (2:3). Мустафо Бобоев, 22 (3:3). Қурбонмад Раҳимов, 26 (4:3). Қурбонмад Раҳимов, 27 (5:3). Қурбонмад Раҳимов, 28 (6:3). Алишери Музаффар, 29 (7:3). Сорбон Латипов, 32 (8:3). Ҳамид Ғуломӣ, 32 (8:4). Алишер Шарипов, 37 (8:5).

Беҳтарин бозигари дидор: Қурбонмад РаҳимовРавшан»).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

«Равшан» (Кӯлоб)

1

1

0

0

8-5

3

2

КМВА (Душанбе)

1

1

0

0

6-3

3

3

«Истиқлол» (Душанбе)

1

1

0

0

1-0

3

4

«Соро компания» (Душанбе)

1

0

1

0

1-1

1

5

«Сипар» (Хуҷанд)

1

0

1

0

1-1

1

6

«Истаравшан» (Истаравшан)

1

0

0

1

0-1

0

7

«Пойтахт» (Душанбе)

1

0

0

1

5-8

0

8

«Самандар» (Турсунзода)

1

0

0

1

3-6

0

Даври 2-юм

4-уми июн (шанбе)

«Истаравшан» – «Пойтахт»

КМВА – «Равшан»

5-уми июн (якшанбе)

«Соро компания» – «Самандар»

«Истиқлол» – «Сипар»

XS
SM
MD
LG