Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23), ки таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев рӯзи душанбе, 30-юми май, ба шаҳри Тошканд расид, дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 иштирок хоҳад кард, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ба ҳайати ниҳоии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Ҷоми Осиё-2022 ҳамагӣ 22 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 2 ҳамлагар - шомил шуд.
Мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1-ум то 19-уми июн дар пойтахти Узбекистон баргузор мешавад, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои Арабистони Саудӣ (3-юми июн), Имороти Муттаҳидаи Араб (6-уми июн) ва Ҷопон (9-уми июн) рақобат мекунад.
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) нахустин бозии худро дар ин мусобиқот рӯзи ҷумъа, 3-юми июн, бо тими Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Локомотив»-и Тошканд соати 20:00 оғоз меёбад.
Ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) барои ширкат дар Ҷоми Осиё-2022:
Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»), Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Аҳлиддин Ҳабибуллоев («Файзканд»);
Ҳимоятгарон: Наимҷон Иброҳимзода, Алишер Баротов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Муҳаммадҷон Насков, Фирдавс Алиназаров (ҳарду аз «Хатлон»), Эмомалӣ Аҳмадхон, Шоҳрух Сангов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Ҳусейн Нурматов («Истаравшан»), Оятулло Сафаров («Файзканд»);
Нимҳимоятгарон: Ҳамадонӣ Камолов («Райо Маҳадаонда», Испания), Шарифбек Раҳматов («Тӯрон», Узбекистон), Ислом Зоиров («Истиқлол»), Кароматулло Саидов, Далер Ёдгоров, Сорбон Авғонов (ҳама аз «Хуҷанд»), Абдулмуъмин Забиров («Эсхата»), Умарҷон Шарифов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов (КМВА);
Ҳамлагарон: Муҳаммадалӣ Азизбоев («Хуҷанд»), Суннатулло Исмоилов («Хатлон»).
И.в. сармураббӣ: Аслиддин Ҳабибуллоев.