Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки 9 паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи ҷудо "Tbilisi Grand Slam 2022"


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар мусобиқаи ҷудо "Tbilisi Grand Slam 2022", ки рӯзҳои 3-5-уми июн дар пойтахти Гурҷистон Тбилиси - баргузор мешавад, Тоҷикистонро 9 варзишгар намояндагӣ хоҳад кард.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи "Tbilisi Grand Slam 2022" иштироки 304 варзишгар (190 мард ва 114 зан) аз 39 кишвари чаҳор қораи ҷаҳон дар назар аст.

Тоҷикистонро дар сабқати мардон Нуралӣ Эмомалӣ, Шаҳбоз Саидаброров (ҳарду дар вазни то 66 кг), Маҳмадшариф Наҷмуддинов, Муҳаммадраҳим Сарахонов (ҳарду дар вазни то 73 кг), Шодмон Ризоев, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (ҳарду дар вазни то 81 кг), Кароматулло Ҳакимов (дар вазни то 90 кг), Мансур Раҳмон ва Абубакри Акобир (ҳарду дар вазни то 100 кг) намояндагӣ хоҳанд кард.

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, сармураббии дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, "мо ба ин мусобиқаи пурнуфуз гуштигирони ҷавонро сафарбар кардем, то ки онҳо таҷрибаи хуби мусобиқоти байналмилалӣ касб намоянд.”

Рӯзи аввали мусобиқа 3-юми июн қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон баргузор мешавад. Рӯзи дувум 4-уми июн - гуштигирони вазнҳои -73 кг, -81 кг миёни мардон ва -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат хоҳанд кард. Мусобиқа 5-уми июн бо қувваозмоиҳо дар вазнҳои -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон ва -78 кг, +78 кг миёни занон ба поён мерасад.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳо мешаванд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷои дувум 3000 доллар ва барои ҷойҳои севум 1500-долларӣ супурда хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар "Tbilisi Grand Slam 2021" ду паҳлавони тоҷик – Шаҳбоз Саидаброров ва Комроншоҳи Устопириён - ширкат доштанд. Шаҳбоз медали биринҷӣ ба даст овард, вале Комроншоҳ ноком шуд.

Шаҳбоз Саидаброров, ки дар вазни то 60 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар ҷоизадори қаҳрамонии ҷаҳон-2019 аз Узбекистон Шарофиддин Лутфуллоев пирӯз шуд. Ӯ дар даври баъдӣ Каракизиди Савваи юнониро мағлуб кард. Вале Шаҳбоз дар чорякфинал аз намояндаи дигари Узбекистон Комрон Нуруллоев - шикаст хӯрд.

Паҳлавони ҷавони тоҷик дар даври тасаллобахш бар Олег Вередибаи украинӣ дастболо шуд. Сипас барои ҷойи севум бар рақиби пуртаҷрибааш Торнике Тсҷакадоеа (Ҳолланд) ғолиб омад ва бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Комроншоҳи Устопириён бошад, дар вазни то 90 кило рақобатро аз даври дувум шуруъ кард. Рақибаш Матиас Куусик аз Эстония буд, ки ӯро шикаст дод. Вале паҳлавони тоҷик дар даври баъдӣ аз Ли Кочмани исроилӣ мағлуб шуд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

XS
SM
MD
LG