Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марафони дав дар Тоҷикистон бо ширкати як шаҳрванди Австралия ва ҳамроҳонаш идома дорад


Мина Гули, шаҳрванди Австралия, рӯзи 22-юми май марафони чорумашро ба масофаи 42,2 километр дар масири ноҳияи Шамсиддин Шоҳин – Дарвоз, қад-қади дарёи Панҷ баргузор кард, хабар медиҳад сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, шаҳрванди Австралия, дар Тоҷикистон дар марафони дав бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (солҳои 2018-2028) ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар соли 2023 иштирок дорад.

Марафони дав, ки 16-уми май шуруъ шуд, то рӯзи 10-уми июн идома хоҳад кард. Дар ин муддат Мина Гули дар 11 марафони дав 458,2 километрро тай карда, аз захираҳои оби Тоҷикистон, аз ҷумла кӯли Сарез, пиряхи Федченко, неругоҳҳои барқи обии “Роғун” ва “Норак” ва маконҳои сайёҳии Тоҷикистон дидан мекунад ва дар Конфронси 2-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 (6-8-уми июн) ширкат меварзад.

Мина Гули ва ҳамроҳонашро 15-уми май дар сарҳади Тоҷикистон бо Узбекистон дар шаҳри Панҷакент масъулони Вазорати энержӣ ва захираҳои об, Вазорати нақлиёт, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Панҷакент истиқбол карданд.

16-уми май марафони аввали шаҳрванди Австралия дар Тоҷикистон дар самти Панҷакент – Айнӣ – Душанбе, дар масофаи 42 километр оғоз гардида, 18-уми май марафони дуюми давро ба масофаи 42,2 километр дар масири Шаҳритус - Носири Хисрав ва 20-уми май марафони сеюми давро ба масофаи 42,2 км дар масири Фархор-Ҳамадонӣ анҷом дод.

Мина Гули ва ҳамроҳонаш дар ин муддат аз мавзеъҳои сайёҳии Саразм, Чилучорчашма, Бешаи Палангон ва обанбори Чубеки ноҳияи Ҳамадонӣ дидан карданд.

Мина Гули як зани тоҷири австралиягӣ буда, дар бахши муҳити зист фаъол аст. Мудири кулли Бунёди Thirst («Ташнагӣ») мебошад, ки дар самти таблиғи сарфаи об фаъолият мекунад.

Мина Гули дар канори шаҳри Мелбурни Австралия таваллуд шудааст ва дар Донишгоҳи Мелбурн таҳсил кардааст. Соли 1993 президенти Иттифоқи донишҷӯёни Донишгоҳи Монаш интихоб шудааст.

Пас аз хатми мактаб дар бахши хусусии соҳаҳои энержӣ ва инфрасохтор ба ҳайси ҳуқуқшинос кор кардааст. Соли 1999 дар биржаи фючерсҳои Сидней, дар рушди бозорҳои партобҳои карбон дар Австралия иштирок кардааст. Соли 2002 аз ӯ хоҳиш карданд, ки ба Бонки ҷаҳонӣ ҳамроҳ шавад ва дар таҳияи лоиҳаҳои тиҷорати карбон дар Чин, Ҳиндустон, Непал ва Индонезия кӯмак кунад. Соли 2005 ба бахши хусусӣ баргашт ва кори худро дар бахшҳои энержии барқароршаванда ва тағирёбии иқлим дар Чин идома дод.

Мина Гули соли 2012 Бунёди “Thirst”-ро таъсис дод, ки ба ҷавонон сарфаи обро тарғиб мекунад.

XS
SM
MD
LG