Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се медали гуштигирони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон дар Булғори Тотористон


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон оид ба гуштии камарбандӣ, ки рӯзҳои 18-21-уми май дар шаҳри Булғори Тотористони Русия баргузор шуд, се медали нуқра ба даст оварданд.

Ин мусобиқаи байналмилалӣ дар чаҳорчӯби таҷлили 1100-умин солгарди қабули ислом аз сӯи булғорҳои Волга бо иштироки беш аз 200 варзишгари синашон аз 18-сола боло аз 26 кишвар доир гардид.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон даҳ варзишгар шомил буд. Аз байни онҳо се нафарДавлат Абдулҳакимов дар вазни 60 кило, Авазбек Ҷумъаев дар вазни 70 кило ва Озод Маҳмудов дар вазни беш аз 130 кило барои ҷойҳои дувум бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд.

Дар ҳамаи вазнҳо мизбонон – гуштигирони Тотористон, ки аъзои дастаҳои мунтахаби якуму дувуми Русия мебошанд, ғолиб омаданд: Гаяз Шугуров, Илдар Халяфутдинов, Эмил Зинганшин, Рафаэл Калимуллин, Игор Волобуев, Ринас Садаров, Руслан ва Валерий Рафиковҳо, Фирдавс Зайнуллин.

Рӯзҳои 25-27-уми май дар шаҳри Қӯқанди Узбекистон аввалин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии камарбандӣ миёни наврасон (писарону духтарон)-и 16-17-сола баргузор мешавад.

Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ иштироки ҳудуди 300 варзишгар аз 20 кишвар, аз он ҷумла Беларус, Гурҷистон, Исроил, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Муғулистон, Озарбойҷон, Руминия, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Ҳиндустон ва ғайра дар назар аст.

XS
SM
MD
LG