Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки 13 ҷудокори тоҷик дар Ҷоми Осиё миёни наврасону ҷавонон дар Алмато


Гуштигирони тоҷик дар Ҷоми Осиё миёни наврасон ва ҷавонон (Cadets & Juniors Asian Judo Cup Almaty 2022) ба хотираи Бакет Маҳмудов, варзишгари маъруфи қазоқ, ки рӯзҳои 13-15 май дар шаҳри Алмато доир мегардад, ширкат меварзанд.

Ба иттилои сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқаи байналмилалӣ миёни наврасон 300 варзишгар (197 мард ва 103 зан) ва байни ҷавонон 239 варзишгар (153 мард ва 86 зан) аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон), инчунин аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар назар аст.

Рақобатҳо дар Қасри варзиш ва фарҳанги ба номи Балуан Шолаки Алмато миёни наврасон 13-14 май, байни ҷавонон - 14-15 май баргузор мешаванд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 13 варзишгар намояндагӣ хоҳад кард.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон

Наврасон
-52 кг - Фотимахон Гадоева
-55 кг - Ҷасур Лутфишоев
-60 кг - Худодод Шанбиев
-66 кг - Ҷаъфари Ҷаъфар
-66 кг - Мусо Саъдуллоев

Ҷавонон

-66 кг - Саидашраф Лоиқов
-66 кг - Абуҳанифа Қурбонбозор
-66 кг - Абубакр Шеров
-73 кг - Ҳоҷибек Муҳтодов
-81 кг - Суннатулло Лоиқов
-81 кг - Мизробшо Лоиқов
-90 кг - Муҳсин Маллаев
-100 кг - Парвиз Абдураҳмонов

Барномаи мусобиқа


Наврасон


12-уми май (панҷшанбе)


16:00 – Қуръакашӣ

13-уми май (ҷумъа)


Оғоз: 09:00 – 15:30

Даври муқаддамотӣ, тасаллобахш ва мубориза барои медали биринҷӣ


Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00 - 16:30
Занон: -40 кг,-44 кг,-48 кг,-52 кг,-57 кг
Мардон: -50 кг,-55 кг,-60 кг,-66 кг, -73 кг

14-уми май (шанбе)
Оғоз: 09:00 – 15:30


Даври муқаддамотӣ, тасаллобахш ва мубориза барои медали биринҷӣ

Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00 - 16:30
Занон: -63 кг, -70 кг,+70 кг
Мардон: -81 кг, -90 кг, +90 кг

Ҷавонон


12-уми май (панҷшанбе)
16:00 – Қуръакашӣ

14-уми май анбе)
Оғоз: 09:00 – 15:30


Даври муқаддамотӣ, тасаллобахш ва мубориза барои медали биринҷӣ


Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00 - 16:30
Занон: -48 кг, -52 кг
Мардон: -60 кг, -66 кг

15-уми май (якшанбе)
Оғоз: 09:00 – 16:00


Даври муқаддамотӣ, тасаллобахш ва мубориза барои медали биринҷӣ


Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00
Занон: -57 кг, 63 кг, -70 кг, -78 кг +78 кг
Мардон: -73 кг, -81 кг, -90 кг, -100 кг, +100 кг

Эзоҳ: замон бо вақти Душанбе аст.

XS
SM
MD
LG