Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КДАМ-и Тоҷикистон: "Дар муноқишаи марзӣ 2 кас ҳалок, 10 нафар захмӣ шуд"


Мошини "Ёрии таъҷилӣ"-и Бемористони Исфара, ки ба гуфтаи мақомоти тоҷик, аз тири марзбонони қирғиз тахриб шуд.
Мошини "Ёрии таъҷилӣ"-и Бемористони Исфара, ки ба гуфтаи мақомоти тоҷик, аз тири марзбонони қирғиз тахриб шуд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дар даргирии шоми гузашта миёни марзбонони тоҷику қирғиз дар сарҳади Исфара ва Бодканди Қирғизистон, ду нафар аз ҷониби Тоҷикистон ҷон бохтанд.

Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон шумораи захмиёнро 10 нафар гуфт, ки 6 нафари онҳо низомӣ ва 4 нафарашон мардуми оддӣ мебошанд. Манобеъ дар Исфара қаблан шумораи захмиёнро 17 нафар гуфта буданд.

Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон субҳи 28-уми январ бо нашри изҳороте гуфт, ки Обидҷон Тӯйчиев, сокини ҷамоати Хоҷаи Аълои Исфара бар асари таркиши тири миномёти марзбонони қирғизӣ дар манзилаш ба ҳалокат расидааст.

Ба гуфтаи манбаъ, Абдулатиф Шарифови 62-сола, ронандаи "Ёрии таъҷилӣ"-и Беморхонаи марказии шаҳри Исфара ҳангоми наҷоти ғайринизомиён деҳаи Хоҷаи Аъло, аз зарбаи гулӯла ҷон бохтааст.

Вазорати тандурустии Қирғизистон субҳи 28-уми январ иттилоъ дод, ки 11 нафар бо захмҳои гуногун ба бемористонҳо интиқол дода шудаанд. Вазорат вазъи онҳоро "миёна" тавсиф кардааст.

Қабл аз ин хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз маҳал гузориш дода буд, ки бар асари ин даргирӣ 7 нафар захмӣ шудаанд ва ҳамаи онҳо низомӣ мебошанд. Ба иттилои манбаъ, ин захмиён дар бахшҳои ҷарроҳӣ ва шикастабандӣ бистарӣ шудаанд.

Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шоми 27-уми январ, пас аз он рӯй дод, ки мақомоти ду кишвар якдигарро ба роҳбандӣ гунаҳкор карданд.

Мақомоти ду кишвар нимашаби гузашта дар бораи оташбаси комил дар марз хабар доданд. Тибқи ин мувофиқа, ҳарду ҷониб нерӯ ва техникаҳои изофиро аз марз берун мебаранд, шоҳроҳи Бодканд-Исфанаро пурра мекушоянд ва дар марз посбонии муштарак ташкил мекунанд.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, шаби 28-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Музокироти мо бо раиси вилояти Бодканди Қирғизистон, Абдукарим Алимбоев, ба анҷом расид. Оташбас эълон гардид. Роҳҳо боз шуданд ва низомиён ба қафо кашида мешаванд. Комиссияи муштарак субҳи 28-уми январ таҳқиқро оғоз мекунад."

Дар изҳоротҳои ҷудогонаи нерӯҳои марзбонии ду кишвар, ки субҳи 28-уми январ ба нашр расид, вазъ дар сарҳад ором тавсиф шудааст. Тибқи изҳороти ҷониби Тоҷикистон, комиссияи муштарак иборат аз намояндагони сохторҳои дахлдори ду тараф дар ҳоли баррасии сабабу омилҳои ин даргирии марзӣ мебошад.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970 километр марз дорад, ки 519 километри он таъйину нишонагузорӣ шудааст. Ба далели пурра мушаххас набудани хатти марз байни сокинони ду кишвар бо баҳонаҳои гуногун низоъ сар мезанад.

XS
SM
MD
LG