Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустам Набиев, писари президенти пешини Тоҷикистон, даргузашт


Мунаввара Набиева бо бародараш Рустам Набиев. Акс аз сомонаи "Азия-Плюс"
Мунаввара Набиева бо бародараш Рустам Набиев. Акс аз сомонаи "Азия-Плюс"

Рустам Набиев, писари Раҳмон Набиев, нахустин президенти ба таври умумихалқӣ интихобшудаи Тоҷикистон, рӯзи 25-уми апрели имсол, дар 53-солагӣ дар Хуҷанд даргузашт.

Мунаввара Набиева, хоҳари Рустам Набиев, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, маросии дафни бародараш рӯзи 26-уми апрел баргузор хоҳад шуд.

Сабаби марги Рустам Набиев ҳанӯз маълум нест.

Ӯ солҳо бо хоҳараш бар сари манзили падарӣ баҳси додгоҳӣ дошт. Ахиран, ба гуфтаи Мунаввара Набиева, додгоҳ баҳсро ба фоидаи бародараш ҳал карда буд.

Рустам Набиев, писари дуюми Раҳмон Набиев аст.

Рашид Набиев, писари якуми ӯ соли 1997 дар 33-солагӣ ба таври мармуз фавтид.

Раҳмон Набиев дар давраи Иттиҳоди Шӯравии собиқ солҳои зиёд раиси Шӯрои вазирони ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар соли 1991 раиси ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд, аммо бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар соли 1992 аз Душанбе фирор кард. Бо талаби мухолифон дар фурудгоҳи Душанбе аризаи истеъфоро навишт. Ин аризаи ӯ қонунӣ шумурда нашуд.

Дертар, моҳи ноябри соли 1992, дар иҷлосияи Хуҷанд дубора истеъфо дод ва ба ҷойи ӯ Эмомалӣ Раҳмон раҳбарии давлатро ба даст гирифт.

Ӯ соли 1995 дар Хуҷанд дар шароити мармуз аз ҷаҳон гузашт.

XS
SM
MD
LG