Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари президенти пешин Раҳмон Набиевро аз хонаи падараш ронданд. ВИДЕО


Ҳавлии Раҳмон Набиев, 20 августи соли 2021
Ҳавлии Раҳмон Набиев, 20 августи соли 2021

Мунаввара Набиева, духтари Раҳмон Набиев, нахустин президенти ба таври умумихалқӣ интихобшудаи Тоҷикистон, рӯзи 20 август аз манзили падарияш дар шаҳри Душанбе берун карда шуд. Вай ин амалро як барномаи тарҳрезишуда ва зиддиқонунӣ меномад. Аммо судиҷрочиёни шаҳри Душанбе, ки Мунаввараро аз ин маскан берун карданд, мегӯянд, танҳои ҳукми додгоҳро ба ҷой овардаанд ва бино бар он Мунаввара Набиева ҳаққи зиндагӣ дар ин хонаро надорад. Онҳо мегӯянд, ҳукм бар пояи шикояти бародари Мунаввара, Рустам Набиев бароварда шудааст.

Вале Мунаввара Набиева мегӯяд, 40 соли охир дар ин манзил зиста, дар он расман қайд шудааст ва ҳақ дорад, дар ин ҷо истиқомат кунад.

"Ин ҳавлӣ бо пули ман ба номи модарам хусусӣ гардонида шуд, зеро он замон он кас калони оила буданд. Қабл аз вафоташ модарам ин хонаро ба додарам васият кард. Ба наздикӣ огаҳӣ ёфтам, ки мақомот бе ман қайди маро беэътибор донистаанд. Ахиран, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ бароям занг зада, гуфт, “ки хонаро бояд холӣ кунам",-- гуфт Мунаввара Набиева ба Радиои Озодӣ дар ҳоле ки иҷрокунандагони ҳукми додгоҳ талоши ворид шудан ба ҳавлиро доштанд. Мунаввара Набиева аз онҳо санади додгоҳро талаб кард. Вале маъмурон онро нишон надоданд ва вориди ҳавлӣ шуда, ашёи соҳибхонаро берун бароварданд.

Дар ҳоле ки Мунаввара Набиева ин амалро тарҳи мақомот мешуморад ва ба манфиатдории раҳбарони ноҳия ишора мекунад, Шариф Самӣ, раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ки ҳавлии Раҳмон Набиев дар ин ноҳия аст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қазия як баҳси хонаводагӣ аст.

"Фарзанди Набиев даъво дорад, ки ин хонаи ӯст. Фарзандон бояд ба ҳам омада, ба хулосае расанд", -- гуфт раиси ноҳия.

Ба гуфтаи мақомот писари Раҳмон Набиев, Рустам талаб кардааст, ки Мунаввара Набиева аз ҳаққи зист дар ин манзил маҳрум карда шавад.

Рустам Набиев дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ соҳиби ҳавлӣ мебошад ва будани хабарнигоронро дар он ғайриқонунӣ номид. Ҳарчанд ки хабарнигорон бо даъвати Мунаввара Набиева омада буданд, ки бино бар қайди шиносномааш дар ин ҷо зиндагӣ мекунад.

"Ин ҳавлии ман аст ва хоҳарам дар ин ҷо сабти ном ҳам надорад. Ин баҳси дохили оила аст ва мо намехоҳем он расонаӣ шавад", -- гуфт Рустам Набиев.

Духтари Раҳмон Набиев иддао дорад, ки судиҷрочиён ӯро аз хонаи падариаш берун кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Хабари ноаҳлӣ дар хонаводаи Раҳмон Набиев, собиқ раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз муддатҳо пеш ба гӯш мерасид. Аммо бори аввал аст, ки духтари президенти собиқи кишварро бо даъвои додараш аз хона берун меандозанд.

Манзили Раҳмон Набиев, раиси ҷумҳури пешинаи Тоҷикистон дар кӯчаи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар канори ҳавлии Қаҳҳор Маҳакамов, Ҷаббор Расулов ва Эмомалӣ Раҳмон, раҳбарони собиқу феълии Тоҷикистон дар масоҳати 14 садяки гектар ҷой гирифтааст.

Мунаввара Набиева номзади илм аст ва соле қабл писараш аз беморӣ фавтида буд. Дар гузашта Муннавара Набиева бо Далер Назаров овозхони саршиноси тоҷик издивоҷ карда буд.

Мунаввара Набиева мегӯяд, ки судиҷрочиён барояш ҳатто вақт надоданд, ки барои худ манзили муваққатие пайдо кунад. Раҳмон Набиев дар давраи Иттиҳоди Шӯравии собиқ солҳои зиёд раиси Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар соли 1991 раиси ҷумҳури Тоҷикистон интихоб шуд, аммо бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар соли 1992 аз Душанбе фирор кард. Бо талаби мухолифон дар фурудгоҳи Душанбе аризаи истеъфоро имзо кард. Ин аризаи ӯ қонунӣ шумурда нашуд. Дертар моҳи ноябрри соли 1992 дар иҷлосияи Хуҷанд дубора истеъфо дод ва ба ҷойи ӯ Эмомалӣ Раҳмон раҳбарии давлатро ба даст гирифт.

Раҳмон Набиев соли 1995 дар шаҳри Хуҷанд дар шароити мармуз аз ҷаҳон гузашт.

XS
SM
MD
LG