Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи домоду арӯсе, ки ҷасади овехтаашонро ёфтанд. ВИДЕО


Шарифбек Зиёев ва Гулҳавас Шоева дар рӯзи тӯй. Аксро наздиконашон ба Радиои Озодӣ доданд
Шарифбек Зиёев ва Гулҳавас Шоева дар рӯзи тӯй. Аксро наздиконашон ба Радиои Озодӣ доданд

Дар вилояти Хатлон марги зану шавҳари ҷавонеро таҳқиқ доранд, ки ҷасади овезони онҳоро баъд аз се рӯзи тӯй ёфтаанд. Ҳодиса шаби 27-уми марти имсол дар деҳаи Якатути ноҳияи Вахш рӯй додааст. Пайвандонашон ба худкушӣ будани ҳодиса таъкид доранд. Дар Додситонии ноҳия гуфтанд, таҳқиқ ҷараён дорад, аммо парванда боз нашудааст.

“Аз даруни оғил ёфтем

Шарифбек Зиёеви 26-сола ва Гулҳавас Шоеваи 17-сола, ки барои расидан ба синни балоғат чанд моҳаш монда буд, рӯзи 24-уми марти имсол издивоҷ карданд. Бино ба аксу навори арӯсии онҳо, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, тарафҳо шод ба назар мерасанд, вале чунин ранг гирифтани кор пайвандонашонро дар мотам нишондааст.

Сафархуҷа Зиёев, бародари Шарифбек, рӯзи 30-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасадҳоро аз оғили канори ҳавлиашон ёфтанд. “Ҳамон субҳ аз хонаи домоду арӯс ҳеч садо набаромад. Фикр кардем, ки хобидаанд. Дертар ҷасадро овезон ёфтем,” – нақл кард ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Чаро Шарифбек ва Гулҳавас баъди се рӯзи тӯй худкушӣ карданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00

Дар Додситонии ноҳияи Вахш тасдиқ карданд, ки ҳодисаро таҳқиқ доранд, вале ба қавли додситон Салоҳиддин Исмоилзода “ҳанӯз нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ накушодаанд”. Ӯ гуфт, танҳо пас аз дастрас кардани хулосаи чанд навъ ташхис ва суҳбат бо шоҳидон парванда боз хоҳанд кард.

“Ҳодиса ба худкушӣ монанд аст, аммо ҳанӯз барои худкушӣ номидани он далелҳои кофӣ дар даст нест,” – илова кард ӯ.

Дар нома чӣ навиштаанд?

Пайвандони арӯсу домод мегӯянд, аз хонаи хоби онҳо номае ёфтаанд, ки зоҳиран қабл аз марг навишта шудааст. Дар ҳоле ки додситонӣ номаро барои ташхиси хатшиносӣ фиристодааст, Маҳмадзоҳир Шоев, падари арӯс, мегӯяд, духтараш дуруст мактаб нахонда буд ва нома навишта наметавонист.

Шоев гуфт, нусхаи номаро дар Додситонӣ дид ва дар он ҷуфти ҷавон аз пайвандон маъзарат хоста, вале сабабашро шарҳ надодаанд. “Дар нома навишта шудааст, ки “дигар зиндагӣ кардан намехоҳем”. Навиштаанд, мо бо хоҳиши худамон худкушӣ мекунем. Хешони домод гуфтанд, ҳусни хат ба навиштаҳои Шарифбек Зиёев монанд аст,” -- гуфт ӯ.

Падари Гулҳавас Шоева афзуд, баъди ду рӯзи тӯй ба хонаи домод даъват шуда буданд ва “ҳама хурсанд ба назар мерасиданд”. “Домод ҳатто барои тарбияи хуби духтар ба мо ташаккур гуфта буд,” – ба ёд овард ӯ.

Дар гузашта худкушии домод ё арӯс дар Тоҷикистон сабт шудааст. Дар сурати тасдиқ шудани худкушии Шарифбек ва Гулҳавас, ин мавриди камтарини худкушии якҷояи арӯсу домод дар кишвар хоҳад буд.

Ҳар сол дар Тоҷикистон даҳҳо нафар (занону мардон ва наврасон) худкушӣ мекунанд. Баъзе аз ин мавридҳоро ба бемории равонӣ ва баъзеи дигарро ба ҷанҷоли оилавӣ рабт медиҳанд.

XS
SM
MD
LG