Мусобиқа барои Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2022, ки бо иштироки 12 даста дар се гурӯҳ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор шуд, бо пирӯзии дастаи “Хатлон”-и Бохтар ба поён расид, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар финали Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъаи 18-уми март дар Гулистон баргузор шуд, дастаҳои «Хатлон»-и Бохтар ва «Равшан»-и Кӯлоб барои ҷоизаи аслӣ мубориза бурданд.
Замони асосии бозии ҳалкунанда бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Дар задани силсилаи пеналти кори футболбозони «Хатлон» омад кард ва онҳо бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуданд.
Дар бозӣ барои ҷойи сеюм дастаи «Эсхата»-и Хуҷанд тими «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшанро бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард. Нуриддин Ҳамроқулов, ҳамлагари дастаи «Хатлон», беҳтарин бозигари мусобиқа эътироф шуд.
Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон сар аз соли 2019 бори чаҳорум баргузор шуд. Аввалин барандаи Ҷом ССКА (КМВА – Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе мебошад. Соли 2020 ин ҷоиза насиби дастаи “Истаравшан” шуда буд. Соли гузашта дастаи “Файзканд”-и Восеъ, ки дар бозии ниҳоӣ бар тими “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад, барандаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон гардид.
Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2022
Бозӣ барои ҷойи сеюм
«Эсхата» – «Истаравшан» - 3:2
Голҳо: Акрам Баҳриддинов, 19 (0:1). Иброҳим Эшонхонов, 33 (1:1). Дилшод Хушбаков, 39 (2:1). Абдулмуъмин Забиров, 64 – аз пеналти (3:1). Отабек Зокиров, 75 (3:2).
Аз майдон хориҷ шуданд: Рустам Сабуров («Эсхата»), 9 – барои таҳқири ҳариф, Фирӯз Қараев («Истаравшан»), 9 – барои таҳқири ҳариф.
Беҳтарин бозигари дидор: Иброҳим Эшонхонов («Эсхата»).
Финал
«Хатлон» – «Равшан» (Кӯлоб) – 1:1. Аз рӯи пеналти – 3:2
Голҳо: Умарҷон Шарипов, 19 (1:0). Абдухалил Боронов, 52 (1:1).
Аз майдон хориҷ шуданд: Жан Гатен НД («Хатлон»), 39 – барои таҳқири сардовар, Равшан Азизов («Хатлон»), 61 – барои корти 2-юми зард.
Беҳтарин бозигари дидор: Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).