Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 иштирок намекунад


Дастаи мунтахаби миллии футболи Лаҳистон ба таври худкор ба даври ниҳоии интихобии Ҷоми ҷаҳонии 2022 дар Қатар роҳ ёфт. Дар ин бора сомонаи Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) хабар додааст.

"Бюрои Кумитаи тадорукоти ФИФА тасмим гирифт, ки тими миллии Лаҳистон ба даври ниҳоии ҷодаи B, ки 29-уми марти соли 2022 ба нақша гирифта шудааст, роҳ ёбад", - гуфта мешавад дар изҳороти созмон. Дар бозии охирини плей-офф мунтахаби Лаҳистон бо ғолиби ҷуфти Шветсия ва Ҷумҳурии Чех рӯбарӯ хоҳад шуд.

Рӯзи 7-уми март Иттиҳодияи футболи Русия алайҳи қарори ФИФА ва Созмони футболи Аврупо (УЕФА) дар бораи хориҷ кардани дастаҳои мунтахаби Русия ва бошгоҳҳои русиягӣ аз ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ шикоят бурд. Додгоҳи арбитражии варзишӣ (CAS) шикоятро рӯзи 8-уми март қабул кард. Барои тими Русия каме умед ба бознигарии қарори ФИФА вуҷуд дошт, аммо чунин нашуд.

Бо таҳримҳои ФИФА ва УЕФА тими миллии Русия шонси ширкат дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2022 дар Қатарро аз даст дод. Даста мебоист барои роҳ ёфтан ба Ҷоми ҷаҳон дар плей-офф ширкат мекард. Вале тимҳои мунтахаби Лаҳистон, Ҷумҳурии Чех ва Шветсия изҳор карданд, ки бо бозигарони Русия бозӣ кардан намехоҳанд.

Дар ҳамин ҳол, хабар дода мешавад, ки ФИФА бозии интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар миёни тимҳои миллии Шотландия ва Украинаро ба моҳи июн мавқуф гузоштааст.

Ин бозӣ мебоист 24-уми март дар Глазго баргузор мешуд.

Ҳамзамон, тибқи нақша бозии дигари ниманиҳоӣ миёни дастаҳои мунтахаби Уэлс ва Австрия бар асоси тақвим баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG