Намояндаи ширкати "Сибир" ё S7 дар Тоҷикистон гуфт, рӯзҳои наздик як қисми парвози ҳавопаймоҳоро ба Русия дубора барқарор мекунанд. Ин ширкат 5-уми март парвозҳояшро ба Тоҷикистон ё баръакс қатъ карда, даҳҳо нафарро дар Тоҷикистон ва Русия сарсон кард. Аксари онҳо муҳоҷир ҳастанд ва ба гуфтаи худашон на пули билетро бозпас гирифта тавонистанд ва на санаи парвози ҳавопаймояшон маълум аст. Мақомот гуфтанд, аз вазъи пешомада огоҳанд ва барои ҳалли мушкил талош доранд.
Парвозҳо аз Душанбе ва Хуҷанд ба Русия
Ҷӯрабек Тоҷибеков, роҳбари намояндагии ширкати “Сибир” дар Тоҷикистон, рӯзи 17-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси рӯйхати ширкат бояд баъди 18-уми март аз Душанбе ва Хуҷанд ба шаҳри Новосибирск парвози ҳавопаймоҳо сурат гиранд. Дар сомонаи ширкат ҳам барои рӯзи 20-уми март аз Душанбе ба Новосибирск парвоз таъин шудааст.
То аввали моҳи март ширкати "Сибир" миёни Тоҷикистону Русия 20 парвоз амалӣ мекард. Масъулини ширкат гуфтанд, ҳоло танҳо як қисми парвозҳояшонро барқарор мекунанд. Маълум нест, ки ҳама парвозҳои ширкат кай барқарор карда мешаванд. Тоҷибеков гуфт, то фардо маълумоти бештар дар бораи хатсайрҳо муайян мешавад.
Роҳбари намояндагии ширкати “Сибир” ҳамчунин гуфт, баъди қатъ шудани парвозҳо талош карданд, як бахши мусофиронро тариқи ширкатҳои дигар ба Русия фиристанд. Аммо Ҷӯрабек Тоҷибеков нагуфт, ки чӣ қадар мусофирон ба Русия фиристода шудаанд. Баъзе аз шахсоне, ки аз ширкати “Сибир” билет харидаанд, мегӯянд, то ҳол дар Тоҷикистон ҳастанд.
Абдул Ҳоҷиев, як сокини вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт, бояд рӯзи 14-уми март аз Хуҷанд ба Новосибирск парвоз мекард. “Рӯзи 13-уми март занг заданд, ки ба Фурудгоҳи Хуҷанд ҳозир шавед. Ба ҳама хайрухуш карда, ба фурудгоҳ рафтем. Чанд соат истодем, гуфтанд, ки парвози Шумо боз бекор шудааст, ба хона равед, санаи парвоз дақиқ шавад, хабар медиҳем. Дигар ягон чиз маълум нест, пули билетро ҳам гардонда намедиҳанд,” -- афзуд ин ҳамсуҳбати мо.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Мақомот: дар бозгардондани маблағи билет мушкилӣ ҳаст
"Сибир" бузургтарин ширкати хусусии ҳавопаймоии Русия дар пайи таҳримҳои Ғарб болои Маскав парвозҳояшро ба чанд кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, бекор кард.
Теъдоди мусофироне мисли Абдул Ҳоҷиев, ки аз ширкати “Сибир” билет харидаанду ҳоло дар нимароҳ мондаанд, маълум нест. Намояндаи ширкат дар Тоҷикистон ва ҳам масъулини Оҷонси авиатсияи шаҳрвандӣ гуфтанд, танҳо баъди барқарор шудани парвозҳо маълум мешавад, ки чӣ қадар мусофир мондааст ва чӣ қадар ба Русия рафтаанд.
Азиз Набизода, муовини раиси Оҷонси авиатсияи шаҳрвандӣ, рӯзи 17-уми март дар посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ навишт, ширкати “Сибир” ба нақша гирифтааст, ки охири ҳафтаи равон парвозҳои худро қисман барқарор кунад. Набизода эътироф кардааст, ки дар самти бозгардондани пули билети мусофирон "мушкилиҳо ҷой доранд".
“Бо сабаби якбора бекор шудани миқдори зиёди парвозҳо, барои баргардонидани маблағҳои калон вақти зиёдтар лозим меояд. Бо кушода шудани парвозҳои ширкат, намояндагии ширкат умедвор аст, ки ин мушкилӣ бартараф мешавад," -- навиштааст муовини раиси Оҷонсӣ.
Бозори сардӣ билетфурӯшӣ дар Тоҷикистон
Ҳоло танҳо ширкати “Сибир” нест, ки парвози ҳавопаймоҳояш байни Тоҷикистону Русия мушкил пайдо кардааст. Ширкати “Уралские авиалини” ҳам хабар дод, ки масири баъзе парвозҳои худро ба Русия тағйир додааст. Аз ҷумла, мусофирони хатсайри Душанбе-Краснодор ва Хуҷанд-Краснодор акнун ба шаҳри Минералние Води бурда мешаванд. Инчунин як гуруҳ аз муҳоҷирон аз шаҳри Маскав ба Радиои Озодӣ навиштанд, чанд рӯз аст, ки дар Фурудгоҳи Жуковский мунтазири сафар ба Тоҷикистон ҳастанд.
Бебандуборӣ дар парвози ҳавопаймоҳо ба Русия бозори фурӯши билетро дар Тоҷикистон сард кардааст. Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ дар нуқтаҳои билетфурӯшии шаҳри Душанбе рӯзи 17-уми март нишон дод, ки назар ба аввали моҳ мизоҷон камтар ҳастанд. Кормандони ин нуқтаҳо гуфтанд, ҳарчанд нархи сафар ба Русия арзон шудааст, аммо сокинон феълан аз хариди билет худдорӣ мекунанд. "Метарсанд, ки парвозҳо қатъ мешаванду пулашон месӯзад," -- гуфт як билетфурӯш дар Душанбе.
Бархе ҳам мегӯянд, то беҳтар шудани вазъи иқтисодӣ дар Русия аз сафар ба он кишвар муваққатан худдорӣ мекунанд. Мушкил дар мусофиркашонӣ дар шабу рӯзе ба миён омад, ки муҳоҷирон барои рафтан ба Русия омода мешуданд. Бо сабаби баста будани роҳҳои заминӣ ва ҳам манъи сафар бо қатора, парвозҳо ягона василаи рафтуомад миёни Тоҷикистон ва Русия ҳастанд.